Ҷангиёни Толибон дар Афғонистон 7 сарбозу 12 сокини осоиштаро рабуданд

© AP / Naim RahimiНеруҳои миллии Афғонистон дар роҳ ба сӯи Қундуз 1 октябри соли 2015
Неруҳои миллии Афғонистон дар роҳ ба сӯи Қундуз 1 октябри соли 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Tolonews инчунин бо истинод ба мақомоти маҳаллии вилояти Пактиё аз дӯзидашудани 12 сокини осоиштаи ин минтақа ҳам аз сӯи ҷангиёни Толибон хабар додааст.

ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Ҷангиёни ҷунбиши террористии Толибон дар вилояти Сари пули Афғонистон 7 сарбози нерӯи миллии ин кишварро рабудаанд, хабар додааст Tolonews бо истинод ба мақомоти маҳалли ин вилоят.

Волии Сари пули Афғонистон Муҳаммадзоҳир Ваҳдат гуфтааст, баррасиҳои аввалия нишон додаанд, ки заминаи рабудани ин сарбозон аз сӯи ҳамкоронашон барои Толибон фароҳам карда шудааст.

Ашраф Ғанӣ барои нахустин бор "Толибон"-ро террорист номид

"То ҳол маълум нест, ки ҷангиёни Толибон ин сарбозонро ба куҷо бурдаанд ва баррасиҳо дар ин бора аллакай шуруъ шудааст", афзудааст ӯ.

Tolonews инчунин бо истинод ба мақомоти маҳаллии вилояти Пактиё аз дӯзидашудани 12 сокини осоиштаи ин минтақа ҳам аз сӯи ҷангиёни Толибон хабар додааст.

"Ин 12 сокини ғайринизомӣ савори се мошин буданд, ки дар роҳ аз сӯи ҷангиёни Толибон боздошт шуда, ба ҷойи номаълум интиқол ёфтаанд", гуфтааст вулусволии Сайидкарами Пактиё Ниёзмуҳаммад Халил.

Манбаъ афзудааст, ки гуруҳи Толибон дар ин бора ҳанӯз расман чизе нагуфтааст.

Лентаи хабарҳо
0