ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Сарбозони бундесвер- артиши Олмон метавонанд, аз муҳлати қаблан муайяншуда як сол зиёдтар дар қаламрави Афғонистон боқӣ монанд. Онҳо неруҳои миллии Афғонистонро дар шимоли ин кишвар дастгирӣ хоҳанд кард, хабар додааст РИА Новости бо истинод ба маҷаллаи Spiegel.
Намояндагони ҳукумати федеролии Олмон барои боқӣ мондани мураббиёни низомии бундесвер дар Мазори шарифи Афғонистон ҳадди аққал то охири соли оянда ризоият додаанд.
Тибқи барномаи пешин, неруҳои олмонӣ бояд то соли 2016 шимоли Афғонистонро тарк мекарданд.
Олмон инчунин имкони афзоиши шумори сарбозони худ аз 850 то 980 нафар дар хоки Афғонистонро ҳам баррасӣ дорад.
Тибқи навиштаи ин маҷалла, иқдоми мазкур дар асоси вазъи ноамни минтақа гирифта шудааст.
Охирҳои моҳи сентябри соли равон ҷангиёни Толибон шаҳри Қундуз, дар шимоли Афғонистонро тасарруф карданд, ки мунҷар ба халалдор шудани оромии беш аз 300 ҳазор сокини осоишта гардид.
Вазифаи асосии низомиёни бундесвер мисли пешин ираи машварату маслаҳат ба кормандони неруҳои миллии Афғонистон мебошад.
Қаблан раисҷумҳури Амрико Барак Обама гуфта буд, ки неруҳои амрикоӣ дар охирҳои соли 2016 хоки Афғонистонро тарк намекунанд ва 5,5 ҳазор сарбози ИМА мисли пешин баъд аз соли 2016 ҳам дар ин кишвар боқӣ мемонанд.
Телевизиони олмонии "ARD" бо истинод ба манбаи худ дар Вазорати дифои ин кишвар хазинаи ҳузури сарбозони бундесвер дар ҳайати Нерӯҳои байналмилалии кӯмаки амниятӣ ба Афғонистонро 8,8 миллиард евро арзёбӣ карда буд.
Аз аввали шуруи амалиёт дар соли 2002 54 сарбози олмонӣ ба ҳалокат расиданд. Ҳамин тариқ ин амалиёт дар Афғонистон дар таърихи бундесвер хунинтарин ва пурхароҷоттарин амалиёт ба шумор меравад.
Охирҳои соли 2014 неруҳои НАТО ва ИМА расман вазифаи ҷангӣ дар доираи кӯмаки амниятӣ ба Афғонистонро ба анҷом расонданд.