ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Ба Думаи давлатии Русия тарҳи қонуне пешниҳод гардидааст, ки бар пояи он аз муҳоҷирони кишварҳои ИДМ, ки бе раводид ба ФР ворид мешаванд, боҷи махсус рӯёнида хоҳад шуд.
9 апрели 2015, 09:28
Агар ин қонун ба тасвиб расад, меъёри пардохт ва тартиби онро ҳукумати Русия муайян хоҳад кард.
Ворид кардани пардохти махсусро вакилони Думаи давлатӣ аз ҳизби "Русияи боадолат" ба кам кардани масрафоти буҷа барои ихроҷи шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бешаҳрвандӣ рабт медиҳанд.
Дар ҳоли ҳозир кишварҳое амсоли Миср, Барбадос, Тунис, Куба, Антигуа, Доминикан, Маврикия, Эквадор ва Молдив аз шаҳрвандони хориҷӣ барои ворид шудан ба қаламравашон маблағ мегиранд.