ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Русия ва Тоҷикистон дар зудтарин фурсат дар сададанд ба қарордод дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳимояи ҳуқуқи атбоъи ду кишвар тағйирот ворид созанд, менависад РИА Новости бо истинод ба рӯзномаи "Коммерсант".
Ба иттилоъи ин нашрия сухан дар бораи ворид кардани ислоҳот ба санади дар соли 2014 тасвибшуда аз сӯйи порлумонҳои ду кишвар дар мавриди қарордоди миёни Русия ва Тоҷикистон дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандони ду кишвар меравад.
Нашрия бо истинод ба манобеъи дипломатии Русия менависад, ки ислоҳоти ҷадид навоварии зеринро дар назар дорад: таъмини ҷалби бонизоми муҳоҷирони корӣ дар Тоҷикистон аз сӯйи ниҳодҳои расмии Русия; ташдиди низоми табодули иттилоъ дар бораи афроде, ки муқаррароти муҳоҷиратиро нақз мекунанд; тавофуқнома дар мавриди реадмиссия (тавофуқ дар бораи қабули дубораи афроди ихроҷшуда); табодули тарафайни намояндагиҳои ниҳодҳои муҳоҷиратӣ.
Ба таъкиди "Коммерсант", тасмими ироъаи шароити баимтиёз ба муҳоҷирони кории тоҷикро Маскав дар соли 2013 дар чорчӯби қарордод дар бораи тамдиди ҳузури низомиёни пойгоҳи 201 Русия дар Тоҷикистон барои 30 сол қабул шуда буд. Он замон Душанбе тавофуқ кард, ки шаҳрвандони Тоҷикистон тавонанд дар қаламрави ФР тӯли 15 рӯз бидуни сабти ном қарор дошта муҷҷавизи корро барои се сол дарёфт кунанд.
Манбаъи "Ъ" дар ХФМ тавзеъ дод, ки қарордоди изофӣ ҳанӯз омода нашудааст. Ба гуфтаи вай, нуктаи муҳим ин аст, ки муҳоҷирони кории тоҷик ба сурати бонизом дар қаламрави Тоҷикистон барои корҳои мавсимӣ дар қаламрави ФР ҷалб карда шаванд.