ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Раисҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ Аҳмад ва раиси иҷроияи ҳукумати ин кишвар Абдуллоҳ Абдуллоҳ бо намояндагони эътирозгарони Кобул мулоқот кардаанд, иттилоъ медиҳад телевизиони Tolonews.
Тибқи иттилои манбаъ, ин вохурӣ шоми 11 ба 12 ноябр баргузор шуда, дар он муовини дуюми раисҷумҳур Сурур Дониш ва муовини дуюми раиси иҷроияи ҳукумат Муҳаммад Муҳаққиқ ва вазири корҳои дохилии Афғонистон иштирок доштанд.
Яке аз намояндагони тазоҳургарон бо номи Мисбоҳ гуфтааст, ваъдаҳое, ки ба мардуми Ғазнӣ дода шуда буд, иҷро нашудаанд.
"Мо барои ташаккур кардан инҷо наомадаем. Дар тааҷҷуб ҳастам, ки аз замони ворид шудан ба Кохи раёсатҷумҳур то ҳол касе аз бародарони тоҷик ва ҳазораро дар инҷо намебинам", — изҳор доштааст намояндаги дигари эътирозгарон бо номи Фаҳимӣ.
Ҷаноби Фаҳимӣ дар хитоб ба раҳбарони баландпояи Афғонистон таъкид кардааст, ки агар Ваҳдати миллӣ мехоҳанд, пас бояд онро аз идора ва дафтари худ шуруъ кунанд.
"Мо бояд Ваҳдати миллиро дар идораи худ ва дар суфраи мардум бубинем", — афзудааст ӯ.
Ашраф Ғанӣ Аҳмад дар идома интиқоди раисҷумҳурро ҳаққи ҳар фарди афғонистонӣ хонда, аммо аз шиорпартоии тазоҳургарон алайҳи давлат нигаронӣ кардааст.
"Шиори марг бар давлат кӯмак ба душман аст", — изҳор доштааст раисҷумҳури Афғонистон.
Ҷаноби Аҳмад ваъда додааст, ки ҳукумати таҳти раҳбарии ӯ интиқоми 7 ҳазораи сарбуридаро хоҳад гирифт. "Ваъдаи мо ваъдаҳои холӣ нест. Мо агар мавзуъро ҷиддӣ намегирифтем, 8 нафари дигарро раҳо намекарданд", — афзудааст вай.
Абдуллоҳ Абдуллоҳ ҳам дар навбати худ то ҷое аз таҷаммуи сокинон дар шаҳри Кобул ҷонибдорӣ карда, аммо таъкид кардааст, ки ҳукумати Афғонистон дар қазияи буридани сари 7 ҳазора айбдор нест.
"Ҷамъ шудани имрӯз як фурсате буд, то ғам ва дарди мардумро бишнавем. Ҳеч вақт ба сарнавишти мардум бетафовут набудем ва дар ҳеч ҷаласаи Шӯрои амнияти Афғонистон ҳам мавзуи гаравгонҳо нодида гирифта нашудааст", — илова кардааст ӯ.
Субҳи 11 ноябр дар пойтахти Афғонистон дар эътироз ба куштори ахири сокинони осоиштаи ҷануби вилояти Зобул, тазоҳуроти густурдае баргузор гардид. Садҳо сокинони ин кишвар ба хотири ёдбуди қурбониён ва бо нишони эътироз алайҳи ҷинояти ваҳшиёна гирдиҳам омаданд.
Сабаби тазоҳурот ин буд, ки рӯзи 7 ноябр дар вулусволии Арғандоби вилояти Зобул дар ҷанубушарқи Афғонистон ҷасадҳои сарбуридаи чор мард, ду зан ва як кӯдаки 9 моҳа ёфт шуд.
Кушташудаҳо ҳанӯз 6 моҳ қабл аз вулусволии Гелони вилояти бо Зобул ҳамсояи Ғазнӣ рабуда буданд. Шаби гузашта ҷасади фавтидагон дар Кобул ба хешовандонашон супорида шуд.