Гирдиҳамоии густурдаи афғонистониён дар Кобул

© AP / Massoud HossainiГирдиҳамоӣ дар пойтахти Афғонистон
Гирдиҳамоӣ дар пойтахти Афғонистон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Кобул тазоҳуроти густурдае дар эътироз ба куштори ахири сокинони осоишта баргузор гардид.

ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Субҳи чоршанбе дар пойтахти Афғонистон дар эътироз ба куштори ахири сокинони осоиштаи ҷануби вилояти Зобул, тазоҳуроти густурдае баргузор гардид.

Садҳо сокинони ин кишвар ба хотири ёдбуди қурбониён ва бо нишони эътироз алайҳи ҷинояти ваҳшиёна гирдиҳам омаданд.

Сабаби тазоҳурот ин буд, ки рӯзи 7 ноябр дар вулусволии Арғандоби вилояти Зобул дар ҷанубушарқи Афғонистон ҷасадҳои сарбуридаи чор мард, ду зан ва як кӯдаки 9 моҳа ёфт шуд.

Афғонистон: тасарруфи вулусволии Дарқад аз сӯи Толибон

Кушташудаҳо ҳанӯз 6 моҳ қабл аз вулусволии Гелони вилояти бо Зобул ҳамсояи Ғазнӣ рабуда буданд. Шаби гузашта ҷасади фавтидагон дар Кобул ба хешовандонашон супорида шуд.

Эътирозгарон бо тобутҳо дар кӯчаҳои пойтахт то қасри президент бар зидди "Давлати исломӣ" ва ҳаракати террористии "Толибон" эътироз намуда, изҳор доштанд, ки тамоми мардуми Афғонистон бояд гирдиҳам омада, алайҳи таҳдиди умумӣ мубориза баранд.

"Бештари аз эътирозгарон фаъолияти ҳукуматро маҳкум карда, мегуфтанд, ки агар аз ҷониби мақомоти расмӣ пеш аз сар задани ин ҳодиса чораҳои фаъол андешида мешуд, имкони раҳоии гаравгонон буд",- менависанд расонаҳои Афғонистон.

Ба иттилои расонаҳои афғонистонӣ ҳалокати гаравгонон бевосита бо муборизаи шадиди ҳаркатҳои ҷангӣ дар Зобул вобаста буд. Тахминан ҷангҷуёни "Давлати исломӣ" пас аз оғози ҳуҷум аз ҷониби Толибон сари гаравгононро буридаанд.

Лентаи хабарҳо
0