Афғонистон: тасарруфи вулусволии Дарқад аз сӯи Толибон

© AP / Hekmat AimaqТолибон дар Қунуз асиронро аз зиндон озод карданд. 28 сентябри соли 2015. Акс аз бойгонӣ
Толибон дар Қунуз асиронро аз зиндон озод карданд. 28 сентябри соли 2015. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вулусволии Дарқад, ки аз сӯи ҷангиёни “Толибон” тасарруф шудааст, бо ноҳияи Фархори вилояти Хатлони Тоҷикистон ҳаммарз аст.

ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Ҷангиёни созмони тундрави "Толибон" вулусволии Дарқад, воқеъ дар вилояти Тахори Афғонистонро, ки  минтақаи ҳаммарз бо Тоҷикистон мебошад, ишғол кардаанд.

Ба навиштаи сомонаи "Тolonews"-и Афғонистон, ки ба истинод ба сухангӯи волии вилояти Тахор Суннатуллоҳ Темур иттилоъ пахш кардааст, ин ҳодиса субҳи имрӯз иттифоқ уфтодааст.

Тасарруфи Қундуз аз сӯи Толибон

"Ҷангиён субҳи имрӯз, 28-уми октябр вулусволии Дарқадро тасарруф кардаанд ва ҷангҳои шадид ҳамчунин дар вулусволии Хоҷағор идома доранд",- афзудааст номбурда.

Вулусволии Дарқад, ки аз сӯи ҷангиёни "Толибон" тасарруф шудааст, бо ноҳияи Фархори вилояти Хатлони Тоҷикистон ҳаммарз аст.

Мақомоти амниятии Афғонистон мегӯянд, дар ҷангҳо дар манотиқи шимоли Афғонистон ба "Толибон"  силоҳдорон аз созмонҳое амсоли  "Ҳаракати исломии Ӯзбакистон", ки қасди густариши фаъолиятҳои худ ба кишварҳои Осиёи Марказиро доранд, ҳамроҳ шудаанд.

"Шадидтарин муқовиматро маҳз ҷангиёни хориҷӣ нишон медиҳанд. Ду тан аз ҷангиёни кушташуда аз тарафи "Толибон" низ аз ин ҷангиёни хориҷианд"- илова кардааст Темур.

 

Лентаи хабарҳо
0