ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Ҷасади Шоира Ҷобирова, сокини 22-солаи шаҳри Душанбе, ки дар қатли ӯ Иван Шербаков, лейтенанти калони пойгоҳи 201-и Русия гумонбар аст, имрӯз 11 ноябр ба наздиконаш супорида шуд.
Ба иттилои намояндагони сардхона дар бадани мақтул изи лату кӯб мушоҳида шудааст, аммо то ҳол маълумоти расмӣ дар мавриди марги духтари 22-сола эълон нашудааст.
Маросими ҷанозаи Шоира Ҷобирова имрӯз 11 ноябр дар деҳаи Кампирқалъаи ноҳияи Рӯдакӣ баргузор шуд. "Шоира ҳамроҳи волидонаш дар маҳаллаи 102-юми ноҳияи Синои пойтахт дар хонаи иҷора ба сар мебурд", — гуфтаанд хешовандони Шоира.
Маврид ба ёдоварист, рӯзи сешанбе Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов дар мулоқот бо Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон аз қатли Шоира Ҷобирова дар ҳудуди пойгоҳи низомии Русия дар шаҳри Душанбе изҳори нигаронӣ карда, ба ӯ нота супорида буд.
Аз рӯи ин қазия айни замон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.