ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов дар мулоқот бо Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон аз қатли Шоира Ҷобирова дар ҳудуди пойгоҳи низомии Русия дар шаҳри Душанбе изҳори нигаронӣ карда, ба ӯ нота супоридааст.
"Ҳодисаи рухдода ба руҳияи дӯстии анъанавӣ ва шарикии стратегӣ байни ду кишвари мо ҷавобгӯ намебошад",- илова кардааст оқои Аслов.
Дар нотаи мазкур омадааст, ки ҷониби Тоҷикистон аз Русия талаб менамояд, то ба ҳодисаи рухдода баҳои воқеъбинона дода, ҷиҳати роҳ надодан барои такрор шудани чунин рафторҳо аз тарафи хизматчиёни ҳарбии пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон чораҳои лозима андешида шаванд.
Дар ҳамин ҳол, як масъули тафтишотии пойгоҳи 201-уми Русия ба расонаҳо гуфтааст, ки ин парванда аз тарафи муфаттишони пойгоҳи мазкур таҳқиқ мешавад ва баъди анҷоми тафтишот аз ҷузъиёти он ба матбуот хабар дода намешавад.
Қаблан мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон аз боздошти Иван Шербаков, лейтенанти калони пойгоҳи 201-и Русия хабар доданд, ки дар қатли Шоира Ҷобирова муттаҳам мешавад. Ҳодисаи куштор 5 ноябр дар хобгоҳи афсарони пойгоҳи 201 рух додааст, баъдан ҷасади Шоира аз партовгоҳи назди қисми низомӣ пайдо гардидааст.
Шербаков 9 ноябр дастгир гардида, дар бозпурсӣ изҳор доштааст, ки дар ҳолати мастӣ қарор доштааст ва ҳодисаи он шабро ёд надорад.
Аз рӯи ин қазия айни ҳол парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.