ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. ВКД-и Тоҷикистон барои пайдо кардани қотилони кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино, майор Пӯлод Мирзоев ва прапоршик Ҳамза Насибов 10 ҳазор доллари амрикоӣ мукофот эълон кардааст.
Вазорати умури дохилаи кишвар имрӯз, 9 ноябр, навори видеоиро аз дурбинҳои назоратӣ дар саҳифаи Ютуб нашр кард, ки ба назар мерасад дар он яке аз ҳамлагарони эҳтимолӣ сабт шудааст.
"Касоне, ки дар ин бора маълумоти дақиқ медиҳанд, 10 ҳазор доллари амрикоӣ мукофотонида мешаванд. Оиди шахсоне, ки ягон маълумот ва ё хабар медиҳанд, пинҳон доштани шахсияти онҳо кафолат дода мешавад", — менависад сомонаи ВКД.
Маврид ба тазаккур аст, ки субҳи рӯзи шанбеи 7-ноябр бар асари ҳамлаи шахсони номаълум ба кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Синои пойтахт, майор Пӯлод Мирзоев ва прапоршик Ҳамза Насибов ба ҳалокат расида, лейтенанти калон Темурхон Эгамбердиев ва ронандаи комиссарияти мазкур Рустам Саъдуллоев ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардиданд.