Портфели - Sputnik Тоҷикистон
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
Хабарҳои дигари таъйину барканориҳо дар Тоҷикистонро аз ин пайванд пайдо мекунед

Тағйироти кадрӣ дар мақомоти қудратии Қирғизистон

© Sputnik / Владимир Пирогов / Гузариш ба медиабонкАмалиёти мақомоти қудратӣ дар Бишкек
Амалиёти мақомоти қудратӣ дар Бишкек - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар баҳори соли ҷорӣ вай дар пайи ҷанҷоле дар атрофи нашрияи «Вечерний Бишкек» аризаи истеъфо навишта буд. Баъд аз ин ҳодиса вай ба унвони номзад дар интихоботи порлумонӣ ширкат кард.

ДУШАНБЕ, 6 ноя — Sputnik. Президенти Қирғизистон Алмазбек Отамбоев Жанибек Капаровро фармондеҳи Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи кишвараш таъйин кард.

Бо фармони дигари раисҷумҳур Асанбек Алимкожоев, ки то ин вақт вазифаи фармондеҳи Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Қирғизистон ифои вазифа мекард, аз мақомаш барканор гардид.

Вазири дифои Қирғизистон дар фасодкорӣ муттаҳам шуд

Зимнан, бо амри президенти ҶҚ Марат Кенжесариев раҳбари Кумитаи давлатии умури дифоъ тайин шуд.

Бусурманкул Табалдиев аз вазифаи раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ озод ва ба вазифаи мушовири раиси ҷумҳур тайин карда шуд. Табалдиев аз соли 2013 раиси КДАМ буд.

Абдил Сегизбаев ба вазифаи раиси КДАМ тайин шуд. Қаблан Сегизбаев дар вазифаи муовини раҳбари ин ниҳод кор мекард. Аз ин пештар вай дар вазифаи мушовири раиси ҷумҳур дар умури масоили сиёсати иттилоотӣ кор кардааст.

Ҳамчунин Икрамжан Илмиянов ба вазифаи мушовирӣ тайин карда шуд. Қаблан вай вазифаи муовини раҳбари дастгоҳи раиси ҷумҳурро иҷро мекард. Дар баҳори соли ҷорӣ вай дар пайи ҷанҷоле дар атрофи нашрияи «Вечерний Бишкек» аризаи истеъфо навишта буд. Баъд аз ин ҳодиса вай ба унвони номзад дар интихоботи порлумонӣ ширкат кард.

Лентаи хабарҳо
0