ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Алайҳи вазири дифои Қирғизистон Абибулло Кудайбердиев парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, — хабар медиҳад, Sputnik бо истинод ба дафтари матбуоти Кумитаи давлатии амнияти ин кишвар.
Тибқи иттилои Кумитаи давлатии амнияти милли Қирғизистон, гӯиё моҳи августи соли 2014 бо фармони вазири дифоъ дар асоси сандаҳои тартибдодаи мудири кулли корхонаи давлатии "Аскер Курулуш", сардори бахши молиёти Вазорати дифоъ Ш. М. ва муовини вазири дифоъ Н. Ж. аз ҳисоби буҷаи Вазорати дифоъ ба ҳисоби корхонаи давлатии "Аскер Курулуш" 12 миллион сом ҷудо шудааст.
Дафтари матбуоти Кумитаи давлатии амнияти Қирғизистон афзудааст, ин маблағ ба хотири адои қарзҳои шахсии бархе аз мансабдорони Вазорати дифои ин кишвар дар назди корхонаи давлатии "Аскер Курулуш" ҷудо карда гардидааст, ки хилофи қонунгузории ин кишвар мебошад.
Ҳоло алайҳи вазири дифои Қирғизистон ва баъзе аз мақомҳои баландпояи ин ниҳод бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноии ин кишвар, аз ҷумла сӯистифода аз мансаб ва қаллобӣ парванда боз шудааст.