ДУШАНБЕ, 6 ноя — Sputnik. Тоҷикистон дар раддабандии нави ФИФА (Федератсияи байналмилалии футбол), ки рӯзи гузашта нашр шудааст, бо 156 имтиёз дар байни 209 дастаи миллӣ мавқеашро дар мақоми 160-ум нигоҳ доштааст.
Мунтахаби Тоҷикистон дар байни 46 дастаи миллии кишварҳои Осиё дар ҷойи 28-ум ва дар байни 15 кишвари собиқи шӯравӣ дар зинаи аз ҳама охирин мебошад.
Дар рейтинги нави ФИФА мунтахаби Белгия бо 1440 имтиёз дар ҷойи аввал буда, дастаи миллии футболи Олмон (1388) дар мақоми дуввум ва тими яккачини Аргентина (1383) дар ҷойи севвум қарор доранд. Ба қатори даҳ мунтахаби беҳтарини ҷаҳон, инчунин Португалия, Чили, Испания, Колумбия, Бразилия, Инглистон ва Австрия низ дохиланд.
Мавқеи рақибони мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи дувуми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018 дар гурӯҳи "В" дар раддабанди нави ФИФА чунин аст: Австралия — ҷойи 60-ум, Урдун — ҷойи 82-юм, Қирғизистон — ҷойи 124-ум ва дастаи Бангладеш — ҷойи 180-ум.
Маврид ба тазаккур аст, ки раддабандии ФИФА аз соли 1993 ба ин сӯ тартиб дода, имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натоиҷи дастаи мунтахаби миллиашон дар давраи чаҳор сол дода мешавад.
Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи ФИФА ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013 мебошад.