Зулайхои нобино раҳбари сехи дӯзандагии беморхонаи ҷумҳуриявӣ шуд

Обуна шудан
Ӯ аз модар бо ду дидаи бино ба дунё омада буд, аммо бо гузашти айём, дар 22-солагӣ, аз ин неъмати Худованд пурра маҳрум шуд. Ҳарчанд дунё барояш торик аст, вале ба ҳар кор бо дили пур даст мезанад.

Ин аст, ки ҳоло Зулайхо Маҷидоваи 40-сола раҳбарии сехи дӯзандагии беморхонаи "Қарияи боло"-ро ба уҳда дорад ва дар баробари ин бо дастони худ барои табибон либосҳои корӣ медӯзад.

Бовараш қатъист, ки барои анҷоми ҳар кор қодир аст, чун чашми дилаш рӯшан аст.

Ҳамкасбонаш мегӯянд, ки Зулайхо танҳо ҳангоми интихоби ришта ба кӯмаки атрофиён ниёз дораду бас. Ҳар кори дигарро мустақилона анҷом медиҳад. Аз ин рӯ, бегонагон дар рафти кораш аслан пай намебаранд, ки ин зани наҷиб нуқси ҷисмоние дорад.

Марсел Гайфуллин, интихобкунандаи нобино варақаи тарғиботии интихоботи президентиро дар маҳалли интихоботии рақами 160-и Русия бо истифода аз алифбои Брайл мехонад. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Нобиноёни Тоҷикистон дар интихобот мустақилона овоз додан мехоҳанд

Зулайхо на танҳо дӯзандаи моҳир аст, ӯ дастпӯшаку ҷӯроб мебофад, аз мӯҳраҳо гарданбанди зебо низ омода мекунад.

"Дар кӯдакӣ медидам, аммо он қалар хуб не. Соли 1997 сарам лат хӯрд ва як чашмам пурра нобино шуд. Ростӣ, он вақт ба ин масъала аҳамият надодам. Аммо баъдтар, пас аз 7 сол, чашми дуюмам низ нобино шуд. Сипас ба табибон муроҷиат кардам, аммо аллакай дер шуда буд",- мегӯяд Зулайхо.

Ӯ оиладор, соҳиби як фарзанди 14-сола аст.

 

Лентаи хабарҳо
0