ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Ҷамъияти нобиноёни Тоҷикистон мехоҳад, ки варақаҳои овоздиҳии онҳоро дар интихоботи порлумонии моҳи марти соли 2015 бо хатти брайлӣ — ҳуруфи хоси нобиноён — таҳия карда, овоздиҳии шаффофи ин қишри аҳолиро таъмин кунад, иттилоъ медиҳад радиои Озодӣ.
Роҳбарони ҷамъияти мазкур мегӯянд, чанд маротиба ба КМИР ва мақомоти марбута барои дифоъ аз ҳуқуқи интихоботиашон муроҷиат кардаанд, аммо бе натиҷа.
"Мо наметавонем ба ҳукумат дастур диҳем, ки ҳатман ин хостаи моро бароварда кунад. Чун тасмимро худи ҳукумат мегирад. Агар худи ҳукумат ба ин қишри ҷомеа таваҷҷӯҳ кунаду лозим донад, ки нобиноён худашон бояд райъашонро ба сандуқ бирезанд, гапи дигар аст. Мо барои нашри бюллетенҳо бо хатти брайлӣ омода ҳастем. Навтарин дастгоҳро дорем ва дар як рӯз то як миллион бюлеттенро чоп мекунем",- иброз медорад Тӯрабек Давлатов, раиси Ҷамъияти нобиноёни Тоҷикистон.
Дар ҳамин ҳол, масъулини комиссиюни интихобот ба қонун дар ин бора ишора карда мегӯянд, муроҷиати ин қишр ҳаргиз бе посух намонда буд.
"Ин гурӯҳ он қадар зиёд нестанд. Қонунгузории Тоҷикистон ба афроди нобино иҷоза додааст, ки бо як шахси холис вориди утоқи овоздиҳӣ шаванд ва раъйи худро бо кӯмаки он фард ба қуттии овоздиҳӣ бирезанд",-гуфт Абдуманон Додозода, раиси дастгоҳи Кумиссиюни интихобот ва райъпурсии Тоҷикистон (КМИРТ).
Ҷамъияти нобиноёни Тоҷикистон шумораи аъзоҳои худро расман беш аз 9 ҳазор мегӯяд, аммо ба иттилои манобеи ғайрирасмӣ, теъдоди ин қишри ҷомеа ба ҳудуди 15 ҳазор нафар мерасад. Зеро ба гуфтаи масъулони ин ҷамъият, на ҳамаи нобиноён худро расман сабти ном мекунанд.