ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Як шаҳрванди Русия аз сӯи мақомоти амниятии Қирғизистон ба иттиҳоми ифротгароӣ боздошт шудааст, хабар медиҳад бахши қирғизии Sputnik бо истинод ба Кумитаи давлатии амнияти миллии ин кишвар.
"Як шаҳрванди 24-солаи Русия, ки қаблан дар кофтукоби ҷиноӣ қарор дошт, дар пайи амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯии мақомоти амниятӣ дар вилояти Чуй боздошт шудааст", — меафзояд манбаъ.
Аз боздоштшуда адабиётҳои мамнуъ, акс ва наворҳи таблиғотию маводҳои дигари марбут ба яке аз ҳаракатҳои террористӣ мусодира кардаанд.
Ҳоло алайҳи ӯ бар асоси банди 2-и моддаи 299-и Кодекси ҷиноии Қирғизистон (истеҳсол, нигоҳдорӣ, тақсимот, интиқол ва ҳамлу нақли маводи экстремистӣ, инчунин истифодаи қасдан аз рамзҳои ё хусусиятҳои созмонҳои ифротгаро) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Ин шаҳрванди Русия дар доираи ин парванда ба ҳабси пешакӣ гирифта шуда, тафтишот идома дорад.