Узви дигари Коллегияи адвокатҳои “Сипар” ҳам боздошт шуд

© Sputnik / Владимир Вяткин / Гузариш ба медиабонкКорманди пулис бо дастбанд. Акс аз бойгонӣ
Корманди пулис бо дастбанд. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дилбар Додоҷонова аз ҳуқуқи аъзои боздоштшудаи ҳизби мамнуъ дифоъ кардааст ё не, ҳоло маълум намебошад.

Душанбе, 3 ноя — Sputnik. Ҳуқуқшинос ва узви Коллегияи адвокатҳои "Сипар" Дилбар Додаҷонова ба иттиҳоми қаллобӣ боздошт шудааст.

Бузургмеҳр Ёров. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
ВКД адвокат Бузургмеҳр Ёровро бо “қаллобӣ” муттаҳам мекунад

Тибқи иттилоияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, Додаҷонова бо мақсади дар марҳилаи назоратии Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳал намудани баҳси шаҳрвандӣ вобаста ба қитъаи замини наздиҳавлигӣ, аз шаҳрванд "М" маблағӣ пулии 10 ҳазор доллари амрикоӣ гирифтааст.

Додоҷонова гӯиё ин маблағро ҳамчун ҳаққи хизмати додрасҳои Додгоҳи олии Тоҷикистон талаб намудааст.

Рӯзи 26 октябри соли равон ҳангоми гирифтани маблағи 5 ҳазору 800 доллари амрикоӣ ва 1000 сомонӣ аз шаҳрванд "М" дар кӯчаи Зафари ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе боздошт шудааст.

Бинои ВКД ҶТ, Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
ВКД: Ёров аснои хидмат дар мақомот “қонуншиканӣ” мекард

Ҳоло алайҳи ӯ бар асоси бо моддаи 247 қисми 4 банди "б" Кодекси ҷиноии кишвар (яъне тасарруфи молу мулки ғайр ё ба даст овардани ҳуқуқ ба молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ё сӯиистифодаи боварӣ, аз ҷониби шахс бо истифодаи мақоми хизматӣ ва, бо истифодаи мақоми хизматӣ ва расонидани зарари моддӣ ба миқдори махсусан калон) парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст.

Рӯзи 28 сентябр узви дигари Коллегияи адвокатҳои "Сипар" Бузургмеҳр Ёров, ки аз ҳуқуқи аъзои боздоштшудаи Ҳизби мамнуи наҳзати исломии Тоҷикистон ҳимоя мекард, боздошт шуда буд. Ӯ дар қаллобӣ ва сохтакории ҳуҷҷатҳо айбдор мешавад.

Баъдан, 23 октябр инчунин бо иттиҳмои қаллоби ваклиди фои дигари ин созмон Нуриддин Махкамов ҳам, ки ӯ низ аз ҳуқуқи аъзои ҲНИТ ҳимоя мекард, дастгир шуд.

Дилбар Додоҷонова аз ҳуқуқи аъзои боздоштшудаи ҳизби мамнуъ дифоъ кардааст ё не, ҳоло маълум намебошад.

 

 

Лентаи хабарҳо
0