ВКД: Ёров аснои хидмат дар мақомот “қонуншиканӣ” мекард

© SputnikБинои ВКД ҶТ, Акс аз бойгонӣ
Бинои ВКД ҶТ, Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хислатномаи адвокати боздоштшуда Бузургмеҳр Ёровро нашр карда гуфтааст, ки ӯ қаблан дар мақомоти дохилӣ кор мекард. Зимнан, сабаби сабукдӯш шудани ӯ аз мақомот низ дар ин санад дарҷ ёфтааст.

ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Вакили мудофеъ Бузургмеҳр Ёров, ки чанд рӯз пеш бо иттиҳоми "қаллобӣ" боздошт гардид, қаблан дар мақомоти пулиси кишвар фаъолият дошт ва барои "дағалона вайрон кардани интизоми хизматӣ" аз вазифа сабукдӯш гардидааст, менависад сомонаи ВКД ҶТ.

Ба иттилоъи манбаъ, Ёров дар замони донишҷӯияш дағалрафтору дар замони кориаш дар мақомот "танбеҳи қатъӣ" гирифтааст.

Бузургмеҳр Ёров. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
ВКД адвокат Бузургмеҳр Ёровро бо “қаллобӣ” муттаҳам мекунад

"Соли 1989 ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба бахши ҳуқуқ дохил шуда, аз курси чорум, барои дағалона вайрон намудани интизом, ба шӯъбаи ғоибонаи Донишгоҳи мазкур гузаронида мешавад",- омадааст дар иттилоъияи вазорат.

Пас аз хатми донишгоҳ, бо фармони Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ба сифати муфаттиши шӯъбачаи тафтишотии ШКД-и ноҳияи Октябр (И.Сомонӣ)-и шаҳри Душанбе таъин карда шудааст. Рутбаи аввалини Бузургмеҳр Ёров  «лейтенанти хурди милитсия» 13 сентябри соли 1993 ва рутбаи дигари навбатӣ, «лейтенанти милитсия» 20 ноябри соли 1996 ба ӯ дода шудааст.

Ба Ёров Б. барои қасдан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод кардани шаҳрванд Назаров бо Фармони ШКД ноҳияи Октябри шаҳри Душанбе, таҳти №20 аз 5-уми марти соли 1994 «Танбеҳи қатъӣ» эълон карда шудааст".

Хадамоти матбуотии ВКД илова мекунад, ки бо фармони РКД-и шаҳри Душанбе соли 1997 лейтенанти милитсия Ёров Бузургмеҳр Равшанович, муфаттиши шӯъбачаи тафтишотии Шӯъбаи корҳои дохилии Ҳукумати ноҳияи Октябри шаҳри Душанбе, барои дағалона вайрон намудани интизоми хизматӣ аз вазифаи ишғолкардааш озод карда шуда, ба ихтиёри кадрҳои Раёсати мазкур гирифта шуд.

Бинои ВКД ҶТ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
ВКД: боз як шикоят алайҳи Бузургмеҳр Ёров ворид шуд

"Баъдан 31 августи соли 1997, барои дағалона вайрон кардани меъёрҳои Қонуни мурофиавӣ-ҷиноятӣ ва талаботҳои фармони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №82 аз 26.02.с.1993 «Дар бораи тартиби қабул, бақайдгирӣ, баҳисобгирӣ ва баррасии ариза, иттилоот ва дигар маълумотҳо оид ба ҳодиса ва ҷиноятҳо дар мақомоти корҳои дохилӣ», яъне ғайриқонунӣ баровардани қарор дар бораи қатъ кардани парвандаи ҷиноятии дар истеҳсолоташ буда, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намудани айбдоршаванда дар ҷинояти «одамкушӣ», прокуратураи ноҳияи Октябр (И.Сомонӣ)-и шаҳри Душанбе нисбати Ёров Б.Р. парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, ӯ аз мақомоти корҳои дохилӣ «хориҷ» карда мешавад".

Бузургмеҳр Ёров, раҳбари Коллегияи адвокатҳои "Сипар", баъз аз зӯҳри 28-уми сентябр барои бозпурсӣ ба Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилонаи ВКД даъват шуда буд.  Субҳи 29-уми сентябр вазорати умури дохилӣ аз оғози парвандаи ҷиноятӣ алайҳи ӯ хабар дод.

Дар қиболи ин вакили мудофеъ бо дастрасии моддаҳои 140, қ.6 м.145 ва 146 Кодекси мурофиаи ҷиноятӣ ва ва моддаҳои 247 (қаллобӣ) ва 340 (сохтакорӣ) Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд. Тибқи нишондоди моддаҳои мазкур, ба ашхосе, ки ба қаллобиву сохтакорӣ муттаҳам мешаванд, аз 2 то 3 соли зиндон таҳдид мекунад.  

Лентаи хабарҳо
0