Мансабдорони қазоқ дар пайравӣ бо Назарбоев костюм мепӯшанд

© Официальная страница пресс-службы президента Казахстана в FacebookНурсултон Назарбоев аснои мулоқот бо роҳбари Бунёди «Ҷамъияти ихтиёрии «Милосердие»
Нурсултон Назарбоев аснои мулоқот бо роҳбари Бунёди  «Ҷамъияти ихтиёрии «Милосердие» - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мансабдорони Қазоқистон бо пайравӣ аз раисҷумҳур Назарбоев ба хариди костюмҳои исетҳсоли ватанӣ шурӯъ карданд

ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Мақомдорони давлатӣ дар Қазоқистон аз президенти кишвар Нурсултон Назарбоев ибрат гирифта, ба харидани костюмҳои истеҳсоли ватанӣ оғоз карданд, хабар медиҳад Sputnik Қазоқистон.

Аснои як сафари кориаш дар минтақа Назарбоев гуфт, костюм ва пойафзоли ватаниро нисбат ба молҳои хориҷӣ тарҷеҳ медиҳад.

Убайдуллоев алайҳи “ифротгароӣ”-и занон қарор содир кард

Ҳокими вилояти Қарағанда Нурмуҳамбет Абдибеков яке аз аввалинҳо шуда аз раисҷумҳур пайравӣ кард. Ӯ костюми истеҳсоли Қазоқистонро харидорӣ намуд.

Агентии маҳаллии рушди миллии мавсум ба "NADLoC" аз ҷонибдорӣ аз ин иқдом аксияи дастгирии саноати сабукро баргузор сохт. Ба ин чорабинӣ кормандони кумитаҳо, донишгоҳу вазороти мухталиф аз қабили вазорати рушди иқтисоду сармоягузорӣ низ ҳамроҳ шуданд.

Дар ин рӯз ҳар яке аз ширкатдорони чорабинӣ барои худашон костюми истеҳсоли ватанӣ (бо маблағи то 20 ҳазор танга) харидорӣ карданд. Ҳамзамон барои хоҳишмандон имконияти дархости инфиродӣ ироа кардан низ муҳайё гардид",- омадааст дар хабар.

Тибқи иттилоъ, ширкати маҳаллии  "Алтин Адам" ягона истеҳсолкунандаи молҳои саноати сабуки ватанӣ аст, ки либосҳои занонаву мардона бо мӯду дизайни муосирро дар Қазоқистон омода менамояд.

Ин корхона моли истеҳсолшударо ба хориҷа содир намекунад ва барои бозори ватанӣ либос таҳия мекунад.

Дар Тоҷикистон низ мансабдорони тоҷик аз раисчумҳур ба таври бесобиқа "нусхабардорӣ"мекунанд. Бо имиҷи либоспӯшии Раҳмон, ки костюми кабуду гарданбанди сурхро тарҷеҳ медиҳад, онҳо ҳам пайравӣ менамоянд.

 

© Официальная страница пресс-службы президента РТ в FacebookЭмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханронӣ дар "Рӯзи Модар"
Эмомали Рахмон  на торжественном мероприятии в честь Дня матери - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханронӣ дар "Рӯзи Модар"

 

 

Лентаи хабарҳо
0