Ғарқ шудани кӯдакону занон дар соҳилҳои Юнон ҳанӯз идома дорад

© AP / Santi PalaciosТабибон талош доранд, кӯдаки ғарқшударо наҷот диҳанд
Табибон талош доранд, кӯдаки ғарқшударо наҷот диҳанд - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳудуди обии баҳри Миёназамин минтақаи хатарзову ҳалокатовар барои гурезаҳои Ховари Миёна ва Африқо, ки мехоҳанд, аз роҳи обӣ ба қаламрави Аврупо роҳ ёбанд, табдил ёфтааст. Аксари қурбониёни ин манотиқ кӯдаконанд.

ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Чаҳор киштӣ бори дигар дар роҳ аз Туркия ба соҳили Юнон ғарқ шудаанд. Миёни ҳалокшудагон дасти кам 5 кӯдак ва ду калонсол мебошад, иттилоъ медиҳад, хабаргузории Франс Пресс.

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар соҳили Гонконг ба 124 расид

Беш аз 200 нафар наҷот дода шудааст. Аммо ҳанӯз шумори дақиқи мусофирон маълум нест ва амалиёти наҷотдиҳӣ идома доранд.

Миёнаҳои моҳи октябр расонаҳо аз ҳалокати 12 нафар бар асари ғарқ шудани киштие дар баҳри Эгей, дар шимолу ғарби Туркия, ки муҳоҷирони ғайриқонуниро интиқол медод, хабар дода буданд.

Охирҳои моҳи сентябр ҳам хабари ғарқ шудани 17 нафар дар соҳили Туркия, ки мехостанд, то ба соҳили Юнон бирасанд, нашр шуда буд. Миёни ҳалокшудагон 5 зан ва 5 кӯдак ҳам мебошад. Тибқи иттилои ВАО, ҳамаи фавтидагон аз Сурия будаанд.

Аввалҳои моҳи сентябр акси Ойлан, кӯдаки курди ғарқшуда вокуниши шадиди ҷомеаи ҷаҳониро ба бор овард. Ин кӯдаки 3-сола ҳамроҳ бо модару бародари 5-солааш, ки қасди фирор аз минтақаи таҳти идораи ДИИШ-ро доштанд, дар баҳр ғарқ гардиданд. Ҷасади ӯро дар баҳри Миёназамин пайдо карданд.

Мақомоти Маҷористон: девор ва артиш мавҷи гурезаҳоро коҳиш дод

Юнон ва Итолиё кишварҳои калидии транзитӣ барои гурезаҳое боқӣ мемонанд, ки мехоҳанд, ба қаламрави Аврупо роҳ ёбанд. Танҳо дар моҳи октябр беш аз 68 ҳазор гуреза ба Юнон омдааст. Аксари онҳо(41954 нафар) дар ҷазираи Лесбос ҷойгир шудаанд. Тибқи иттилои Созмони байналмилалии муҳоҷират, ба ҳисоби миёна, ҳар рӯз ба Юнон 4,5 ҳазор гуреза меояд.

Дар умум ба иттилои ин созмон, аз аввали соли равон ба Аврупо аз тариқи роҳи обӣ 704 227 нафар роҳ ёфтааст. Се ҳазору 257 нафари дигар дар баҳри Миёназамин ё ҳалок шудаанд ё беному нишон гаштаанд. Ин шумораҳо бештар аз нишондоди соли қабл мебошанд.

Созмони байналмилалии муҳоҷират ҳушдор медиҳад, ки роҳи обии Туркия ба Юнон аз ҷиҳати шамолу ҳавои номусоид доштанаш хатарноктарин роҳ боқӣ мемонад. Дар умум то охири моҳи октябр 560 ҳазору 683 нафар ба Юнон омадааст.

Лентаи хабарҳо
0