ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Шумори қурбониёни садама бо иштироки киштӣ шаби якшанбе дар соҳили Гонконг ба 124 нафар расид, — хабар медиҳад, РИА Новости бо истинод ба радиои маҳаллии RTHK.
Ин ҳодиса шоми якшанбе, тақрибан соатҳои 19:00 ба вақти маҳаллӣ рух додааст. Дар дохили ин киштӣ бар иловаи 11 нафар кормандаш 163 мусофири дигар ҳам ҳузур доштааст ва киштӣ дар роҳ аз Макао ба Гонконг ба объекти зериобие бархурдааст.
Қаблан шумори ҳалокшудагон 100 нафар гуфта мешуд.
Тибқи иттилои ахир, 50 мусофири ин киштӣ ҳанӯз ҳам дар беморхона қарор дошта, вазъи саломатии 5 нафарашон вахим арзёбӣ мешавад ва инчунин 6 тани дигар низ дар ҳолати вазнин қарор доранд.
Таҳқиқи омилҳои садама идома дорад.