ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Писари раиси Ҳизби мамнуи наҳзати исломии Тоҷикистон Руҳуллоҳ Тилавзода дар сармоягузории ҳамлаҳои мусаллаҳонаи дастаи генерали кушташудаи Вазорати дифои кишвар Абдуҳалим Назарзода муттаҳам шуд.
Гузориши вижаи мақомоти амниятии Тоҷикистон дар ин бора бо шоҳидии номбаршудаҳо шаби душанбе ба сешанбе аз тариқи телевизионҳои давлатии кишвар намоиш дода шуд.
Дар ин гузориш таъкид гардид, ки Руҳуллоҳ Тилавзода бо дархости падараш — Муҳиддин Кабирӣ ба генерали кушташуда гӯиё 1 миллиону 200 ҳазор доллари амрикоӣ додааст.
Тиқби гуфтаи муаллифони гузориш, гӯиё Тилавзода 1 сентябр бо ронандаи падараш Ҳикматуллоҳ Сайфов тамос гирифта, аз ӯ хоҳиш кардааст, дархости падараш дар мавриди ҷамъоварии маблағ ва фурӯши фаврии тамоми дороиҳои ширкати сохтмонии "Бинокор-Сервис"-ро ба раҳбарияти он расонад.
Субҳи 2 сентябр Тилавзода худ 400 ҳазор доллару 200 ҳазор сомониро гирифта, ҳамроҳ бо 800 ҳазор доллари хазинаи ширкати сохтмонӣ ҳамон рӯз ба генерал Назарзода додааст. Дар ин гузориш ронандаи Кабирӣ гуфтааст, ки Руҳуллоҳ Тилавзода он рӯз чанд бор таъкид кард, ки ин корро бо хоҳиши падараш анҷом медиҳад.
Алайҳи писари Муҳиддин Кабирӣ хешовандони ӯ — Ҷамшед Нарзуллоев, писарамма, Маҳмадалӣ Раҳматуллоев бародари ҳамсар ва Ҳикматулло Сайфов, ронандаи раиси Ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ шоҳидӣ додаанд.
Нарзуллоев ва Рахматуллоев дар гузориши вижаи мақомоти амниятии кишвар таъкид карданд, ки онҳо намедонистанд, бо ин маблағҳо ҳаводиси 4 сентябр сармоягузорӣ мешавад.
Тибқи иттилои пайвандонашон, онҳо 21 октябри соли равон боздошт шудаанд. Худи Руҳуллоҳ Тилавзода ҳоло дар хориҷ аз кишвар қарор дошта, дар Тоҷикистон ҳамсар ва ду фарзанди ӯ ҳузур доранд.
Маврид ба ёдоварист, ки Додгоҳи олии Тоҷикистон 29 сентябри соли равон Ҳизби наҳзати исломиро террористӣ ва экстремистӣ эълон карда, фаъолияти он дар қаламрави кишварро манъ кард. Инчунин бо қарори ин додгоҳ, нашри ҳафтаномаи "Наҷот" ва фаъолияти сомонаи расмии ҳизби мазкур ҳам манъ шуд.
Дар ҳоли ҳозир беш аз 20 аъзои фаъол ва узви Раёсати олии ин ҳизб дар боздоштгоҳ мебошанд.