Пешнависи буҷаи соли 2016 ба парлумон ироа мегардад

© Пресс-служба президента ТаджикистанаЭмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи васеъи Ҳукумати ҶТ. 5 августи соли 2015
Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи васеъи Ҳукумати ҶТ. 5 августи соли 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар буҷети соли 2016 ба маблағгузории соҳаҳои афзалиятноки иқтисодӣ, аз ҷумла сохтмони иншооти энергетикӣ, нақлиёт ва коммуникатсия диққати махсус дода шуда, ба ин мақсад бо назардошти амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ 6,2 миллиард сомонӣ равона карда мешавад.

ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон ҳаҷми буҷети давлатӣ барои соли 2016-ро 18 миллиарду 306 миллион сомонӣ (муодили $2,8 миллиард) муайян кардааст.

Дар соли оянда даромади буҷаи Тоҷикистон 10 % афзоиш меёбад

Дар ҷаласаи навбатии ҳукумати кишвар лоиҳаи Қонун "Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016"-ро баррасӣ карданд. Тибқи лоиҳаи мазкур ҳаҷми маблағи буҷети Тоҷикистон дар соли оянда 18 миллиарду 306 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба соли равон қариб 3,3 миллиард сомонӣ ё 19,8 фоиз зиёд мебошад.

Маврид ба тазаккур аст, ки ҳаҷми умумии буҷети давлатӣ дар соли гузашта 15 миллиарду 278 миллион сомонӣ пешбинӣ шуда буд, ки нисбат ба соли 2014 қариб 1 миллиарду 377 миллион сомонӣ ё 10% зиёд аст.

Тавре дафтари матбуотии раисҷумҳур иттилоъ медиҳад, тайи 9 моҳи соли равон ҳаҷми буҷети кишвар иҷро нашудааст. Дар ин муддат  буҷети давлатӣ ба андозаи 96,5 фоиз таъмин шудааст,  ки ба он 10,8 миллиард сомонӣ ворид гардид. Тибқи нақша 391 миллион сомонӣ кам мебошад.

Президент Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси Ҳукумат гуфтааст, ки дар 9 моҳи соли равон  таҳти таъсири омилҳои беруна суръати рушди воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 0,5 банди фоиз, гардиши савдои хориҷӣ 17,9 фоиз, аз ҷумла воридоти мол 21,8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ 8,1 фоиз коҳиш ёфт ва қурби пули миллӣ ҳамоно таҳти фишор қарор дорад. Президент супориш додааст, ки то анҷоми сол ҳаҷми буҷетро иҷро кунанд.

Тибқи лоиҳаи қонуни буҷет барои соли 2016 буҷети давлатии Тоҷикистон ҳамоно хислати иҷтимоӣ дошта, барои таъмини соҳаҳои иҷтимоӣ зиёда аз 8 миллиард сомонӣ равона мегардад ва ин маблағ нисбат ба соли равон 581,5 миллион сомонӣ зиёд буда, қариб нисфи ҳаҷми умумии буҷетро ташкил медиҳад.

Ҳамзамон, дар буҷети соли 2016 ба маблағгузории соҳаҳои афзалиятноки иқтисодӣ, аз ҷумла сохтмони иншооти энергетикӣ, нақлиёт ва коммуникатсия диққати махсус дода шуда, ба ин мақсад бо назардошти амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ 6,2 миллиард сомонӣ равона карда мешавад. Лоиҳаи мазкур барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон ирсол шудааст.

Таджикские сомони - Sputnik Тоҷикистон
Маош, идрорпулӣ ва ҳуқуқи бознишастагӣ дар моҳи сентябр афзоиш меёбанд

Бояд гуфт, дар пайи буҳрони молиявӣ ҳукумати Тоҷикистон натавонист, ки тибқи ваъдаи президент дар моҳи сентябр маоши кормандони буҷавиро баланд бардорад. Чанд рӯз қабл Абдусалом Қурбониён, вазири молияи Тоҷикистон зимни муҳокимаи парламентии иҷрои буҷаи кишвар дар 9 моҳи соли равон гуфт, ки баланд бардоштани маоши кормандони соҳаи буҷавӣ то муддати номуайян мавқуф гузошта шудааст.

Сабаби ба таъхир гузоштани боло бурдани маоши кормандони соҳаи буҷавиро вазири молия дар бад шудани вазъи молиявӣ ва иқтисодии кишварҳои шарики Тоҷикистон медонад.

Моҳи январи соли равон раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солонааш ба Маҷлиси Олӣ ваъда дода буд, ки аз моҳи сентябри соли равон маоши кормандони соҳаи буҷавӣ аз 15 то 25 дарсад зиёд карда мешавад. Тавре пешбинӣ мешуд, барои амалӣ намудани ин тадбир бояд аз буҷа 1 миллиарду 320 миллион сомонӣ ҷудо мегардид.

Лентаи хабарҳо
0