Тасарруфи Қундуз аз сӯи Толибон

© AP / Bashir Khan SafiҲамлаи неруҳои миллии Афғонистон алайҳи Толибон 3 майи соли 2015
Ҳамлаи неруҳои миллии Афғонистон алайҳи Толибон 3 майи соли 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар пайи тасарруфи комили шаҳри Қундуз аз сӯи ҷангиёни гуруҳи Толибон Мулло Ахтар Мансур, раҳбари ин ҳаракат бо нашри як баёния гуфтааст, ҳукумати Афғонистон бояд шикасти худро бипазирад.

ДУШАНБЕ, 29 сен — Sputnik. Шаҳри Қундуз — маркази вилояти Қундузи Афғонистон пурра аз сӯи ҷангиёни гуруҳи Толибон тасарруф шудааст, менависад хабаргузории Хомапресс.

Ба гузориши ин хабаргузорӣ, мақомоти амниятии Афғонистон гуфтаанд, охирҳои рӯзи душанбе маркази вилояти Қундуз пурра таҳти тасарруфи ҷангиёни Толибон қарор гирифтааст.

"Нерӯҳои Толибон соати 3-и субҳи 28-уми сентябр аз се самт ба сӯи шаҳри Қундуз ҳамла карда, бештар идораҳои давлатиро зери назорат дароварданд ва парчамҳои худро дар онҷо баланд карданд. Намояндагони созмонҳои байналхалқӣ дар шаҳри Қундуз ин маконро тарк кардаанд",- афзудааст манбаъ.

Сарҳад бо Афғонистон дар наздикии дарёи Панҷ - Sputnik Тоҷикистон
Нигаронии сокинони наздимарзӣ аз наздик шудани Толибон

Ҷангиёни гуруҳи Толибон дар баробари тасарруфи шаҳри Қундуз инчунин дафтари Созмони Милали Муттаҳид дар вилояти Қундуз, идораҳои маҳаллию хонаи манозили зисти мақомҳои баланпоя дар ин минтақаи Афғонистонро оташ задаанд.

Сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Афғонистон Сидиқ Сидиқӣ дар суҳбат бо Хомапресс гуфтааст, дар пайи даргириҳо миёни неруҳои амниятии ин кишвар ва ҷангиёни Толибон чаҳор сокини осоишта кушта шуда, наздик ба 50 тани дигар захм бардоштаанд.

Ҷаноби Сидиқӣ афзудааст, ки амалиёти неруҳои амниятию ҳавоии Афғонистон барои бозпас гирифтани шаҳри Қундуз идома дошта, онҳо талош доранд, дар давоми 24 соат идораи маркази вилояти Қундузро дубора ба даст бигиранд.

Дар пайи ба таҳти идораи комили ҷангиёни гуруҳи Толибон қарор гирифтани шаҳри Қундуз Мулло Ахтар Мансур, раҳбари ин ҳаракат бо нашрия як баёния гуфтааст, ҳукумати Афғонистон бояд шикасти худро бипазирад.

"Мақомҳои Кобул бояд боҷуръат шикасти худро бипазиранду дастоварди муҷоҳидинро ба мақомоти истихборотии бегона нисбат надиҳанд", гуфтааст раҳбари Толибон.

Вилояти Кундузи Афғонистон бо вилояти Хатлони Тоҷикистон ҳамсарҳад мебошад. Дарёи Омӯ аз ҳамин сарҳад мегузарад ва ҳамчунин ҷангалзоре дар ин қитъаи марз вуҷуд дорад.

 

 

 

 

Лентаи хабарҳо
0