Ифтитоҳи зеристгоҳҳои “Шаҳринав”-у “Хонақоҳ” ва сардхона дар Ҳисор

© Пресс-служба президента ТаджикистанаЭмомалӣ Раҳмон зимни маросими ифтитоҳияи ширкати "Зарафшон"
Эмомалӣ Раҳмон зимни маросими ифтитоҳияи ширкати Зарафшон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳадаф аз татбиқи лоиҳаҳои зеристгоҳи барқии “Шаҳринав” ва зеристгоҳи “Хонақоҳ” дар ноҳияи Ҳисор кам кардани пурбории зеристгоҳҳои қаблан фаъолиятдошта арзёбӣ шудааст.

ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи боздиди худ аз ноҳияи Ҳисор дар маросими ифтитоҳи зеристгоҳҳои барқии "Шаҳринав" ва "Хонақоҳ"-и ин ноҳия ҳам иштирок кардааст, — менависад, сомонаи президенти кишвар.

Тибқи иттилои манбаъ, ин истгоҳҳо барои пешгирии талафоти қувваи барқ ва танзими он дар якҷоягӣ бо сармоягузорони хориҷӣ ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаҳои калонро татбиқ менамояд.

Новая чайхана в Гиссаре - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон Чойхонаи миллӣ - "харбуза"-и Ҳисорро ифтитоҳ кард

"Дар доираи лоиҳаи сохтмони навбатии дуюми Маркази барқу гармидиҳии "Душанбе — 2", сохтмони зеристгоҳи барқии "Шаҳринав", зеристгоҳи "Хонақоҳ" ва хатти интиқоли барқи 110 киловолта дар ноҳияи Ҳисор, бо маблағи 349 миллион доллари амрикоӣ амалӣ мегардад", — меафзояд, манбаъ.

Ҳадаф аз татбиқи лоиҳаҳои зеристгоҳи барқии "Шаҳринав" ва зеристгоҳи "Хонақоҳ" дар ноҳияи Ҳисор кам кардани пурбории зеристгоҳҳои қаблан фаъолиятдошта арзёбӣ шудааст.

Инчунин раисҷумҳури кишвар аз Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Ситабр-Агро"-и ноҳияи Ҳисор боздид карда, дар маросими кушодашавии сардхонаи он иштирок кардааст.

Ҷамъияти "Ситабр-Агро" дар ҷамоати деҳоти Дурбади ноҳияи Ҳисор воқеъ буда, дорои 20 гектар замини обӣ мебошад. Дар ин ҷо кишоварзон асосан ба бунёди боғҳои интенсивӣ машғул мебошанд.

Оғози маросими таҷлил аз 3000-солагии Ҳисор бо ширкати Раҳмон

"Дарозии сардхона 117 метр буда, паҳноияш 27 метрро дар бар мегирад, ки он имконияти захира намудани 3 ҳазор тонна меваву сабзавотро дорад. Сардхона бо технологияи истеҳсоли Олмон ба маблағи бештар аз 20 миллион доллари ИМА бунёд гардидааст, ки дар он имкони нигоҳ доштани маҳсулоти тару тоза ба муҳлати як сол вуҷуд дорад", — илова мекунад, сомонаи президент.

Дафтари матбуоти раёсатҷумҳури кишвар мегӯяд, ифтитоҳи ин сардхона дар ҳолест, ки соли 2014 Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарият "Ситабр-Агро" дастур дода буд, ки барои аз талафёбӣ эмин нигоҳ доштан ва ба муҳлатҳои дуру дароз захира намудани мева дар шафати боғи худ сардхона бунёд намоянд.

Аз ин пеш раисҷумҳур дар ноҳияи Ҳисор дар маросими ифтитоҳи Чойхонаи миллӣ ва ду бинои истиқоматии баландошёна ширкат карда буд.
Корҳои сохтмонӣ бахшида ба таҷлили 3000-солагии Ҳисор дар ин ноҳия моҳи сентябри соли 2014-ум оғоз гардида буд. Раисҷумҳури Тоҷикистон ба хотири иштирок дар маросими бахшида ба ин ҷашн субҳи 27 октябр ба ноҳияи Ҳисор сафар кард.

Лентаи хабарҳо
0