ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" тасмим гирифтааст, парвози ҳавопаймоҳояшро тариқи хатсайри Душанбе-Бишкек- Душанбе роҳандозӣ намояд, омадааст дар иттилоъияи ин корхона.
Гуфта мешавад, ҳавопаймоҳои ширкати "Сомон Эйр" аз шаҳри Душанбе ба пойтахти Қирғизистон ҳафтае 2 маротиба- рӯзҳои ҷумъа ва якшанбе парвоз хоҳанд кард.
Ба қавли манбаъ, аввалин парвоз ба Бишкек 30-юми октябр аз сар гирифта мешавад ва ҳадаф аз кушодани хатсайри нав зиёд шудани мусофирон дар ин самт арзёбӣ мегардад.
Кулли парвозҳо дар ин хатсайрҳоро ширкати "Сомон Эйр" тавассути ҳавопаймои Боинг-737 анҷом медиҳад ва арзиши чиптаи якҷониба 69 евроро ташкил медиҳад.
Масъулони ин ширкат мегӯянд, ки вақти парвозҳо аз Душанбе ба Бишкек рӯзҳои ҷумъа соати 21 ва рӯзҳои якшанбе соати 21-30 дақиқа ба вақти маҳаллӣ ба назар гирифта шудааст.
Маврид ба тазаккур аст, ки то ин вақт танҳо ҳавопаймоҳои ширкати давлатии "Тоҷик Эйр" ҳафтае ду маротиба парвозҳоро анҷом медоданд.