ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Аксари ҳафтаномаҳо бо нашри саҳифаи вижаи сиёҳ ин ҳодисаро маҳкум карда, хостори таҳқиқи мунсифона ва муҷозоти дастандаркорон шудаанд.
Нашрияи мустақили "Озодагон" марги Умари 5-моҳаро рамзи нотавонӣ хонда, дар саҳифаи аввали худ акси ӯро нашр карда, ки пойини он навишта шудааст, "Сукутҳоямон моро хоҳанд кушт". Инчунин, ин нашрия бо суоли "масъулияти марги фоҷиавии кӯдаки 5-моҳаи тоҷик дар Санкт-Петербург ба дӯши кист?" ба коршиносон муроҷиат кардааст.
Озодагон зери унвони "Марги маҷбурии Умаралӣ моро чун ҳамеша аз русу Русия намеранҷонад" матлаберо низ рӯи чоп оварда, маҷмӯи шеърҳои шоирони муосири тоҷик дар робита ба ин қазияро таҳти унвони "Марги ту рамзи нотавониҳо" пешкаши хонандаҳо кардааст.
Қазияи марги ин кӯдаки ширхораи тоҷик мавзӯи меҳварии ҳафтаномаи мустақили дигари Тоҷикистон — "Миллат" қарор гирифта, зери акси он дар саҳифаи аввали ин нашрия навишта шудааст, "Ба марги Умар Назаров бояд посух гуфт!" "Башшор Асад меҳмони воломақоми Кремл", "Олмон за Узбакистон қаҳр кард" ва "Армуғони Барқи тоҷик барои мардум имсол ҳам "Лимит" аст" аз мавзуъҳои дигари муҳҳими ин нашрияанд.
Ҳафтаномаи мустақили "Нигоҳ" ҳам се саҳифаи худро ба Умари 5-моҳа бахшида, дар аввалӣ зери акси ин кӯдак навиштааст, "Марги Умар ва фоҷиаи бузурги Русия". Аммо матлабҳои муҳимми дигареро ҳам таҳти унвони "Карзай зидди Амрик. Чаро дастнишонда мухолиф шуд?" ва "Тақсими Осиёи Марказӣ" дар ин шумораи "Нигоҳ" хондан имкон дорад.
"Фараж" — яке аз нашрияҳои дигари мустақили Тоҷикистон ҳам дар саҳифаи аввали худ акси бузурги Умари 5-моҳаро нашр карда, гуфтааст, "Умар Олон(кӯдаки курд, ки ҷасадаш дар соҳили Туркия пайдо шуд)-и тоҷик аст!" Ин ҳафтанома қазияи Умарро дилхароштар аз қазияи олони курд хондааст.
Ҳафтаномаи русзабони "AsiaPlus" ҳам яке аз саҳифаҳои худро ба ин қазия бахшида, суол гузоштааст, ки "ба марги Умар киро бояд гунаҳкор донист?" Ин нашрия инчунин аксҳо ва мушоҳидаҳои худро таҳти унвони "Даҳ хислати тоҷикон, ки хориҷиёнро ба ҳайрат меорад" рӯи чоп овардаааст. Дар ин матлаб бештари сари одат ва русуми мардуми тоҷик тамаркуз шудааст, ки миёни сокинони дигар манотиқ ба чашм намерасад. Аз ҷумла хурдани тарбузу харбуза ва ангур бо нон ва даст пеши бару сари таъзим фуруд овардан ҳангоми пешвоз ва гусели меҳмонон.
Инчунин дар ин шумораи "AsiaPlus" дар бораи занони деҳот, ҳолати роҳҳои мошингард дар минтақаи шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб гуфта шуда, мақолаи Манижа Қурбоноваро ҳам дар хусуси зеботарин зани тоҷик дар асри гузашта — Лола Исмоилова чоп кардааст.
Нашрияи расмии "Омӯзгор"-и Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар шумораи нави худ суҳбати устоди кафедраи психологияи Донишгоҳи миллии кишвар Маҳмадулло Давлатовро нашр кардааст, ки дар бораи омилҳои ифротӣ шудани ҷавонони тоҷикро шарҳ додааст. "Онҳое, ки ба гурӯҳҳои ифротгарою экстремистӣ шомил мешаванд, дониши амиқ надоранд, онҳо Ватан, Модар ва дигар арзишҳоро пушти по мекунанд, гурӯҳҳои террористӣ ба ҳамин қисми осебпазир — ҷавонони бе дониш нигоҳ карда, ҳадафҳояшонро амалӣ мекунанд", таъкид кардааст, мусоҳиби "Омӯзгор".