ДУШАНБЕ, 19 октября — Sputnik. Ваколатдори ҳуқуқи кӯдак дар назди раисҷумҳури Русия Павел Астахов омилҳои марги фарзанди як муҳоҷир аз Тоҷикистонро муайян мекунад, навиштааст сомонаи расмии ваколатдор.
Ҷаноби Астахов ба вазири корҳои дохилӣ Владимир Колоколтсев ва додситонии кулли Русия Юрий Чайке муроҷиат карда, хостори таҳқиқи барои таҳқиқи марги Умари 5-моҳа шудааст.
Рӯзи 13 октябр кормандони Хадамоти федеролии муҳоҷирати Санкт-Петербург бо баҳонаи нақзи қонуни муҳоҷират як хонаводаи тоҷик, Далер Назаров, Заррина Юнусова ва ҳамроҳ бо ин зан писараш Умаралии 5-моҳаро боздошт карда, ба шухъбаи корҳои дохилӣ бурдаанд. Дар шуъбаи пулис тифлро аз модар ҷудо карданд ва ба модар ҳеҷ иттилое дар бораи шароити нигаҳдории тифл дода нашудааст.
Ҳамон рӯз Назаров ва Юнусоваро ба додгоҳи ҷиноятҳои маъмурӣ интиқол ёфта, баъди панҷ соат қарори додгоҳ дар мавриди ихтиёран тарк кардани ин хонаводаи тоҷик қаламрави Русияро содир шудааст.
Вақте Заррина Назарова ба идораи пулис барои гирифтани фарзандаш меояд, ба ӯ иттилои дақиқе дар бораи маҳалли нигаҳдории тифлаш дода натавонистаанд ва танҳо як рӯз баъд 14 октябр ба ӯ ҷасади беҷони Умари 5-моҳаро супоридаанд.
Баъдан, шабакаҳои телевизионии пойтахти шимолии Русия наворҳоеро мунташир карданд, ки даҳҳо нафар дар назди дарвозаи консулгарии Тоҷикистон ҷамъ омада, аз мақомоти Русия таҳқиқи фаврӣ ва мунсифонаи омилҳои марги Умар Назарови 5-моҳаро доранд. Дар яке аз ин наворҳо дида мешавад, ки ёвари консули Тоҷикистон ба ҷамъомадагон вазъро шарҳ медиҳад.
Сафорати ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маскав ҳоло аз мақомоти Русия талаб дорад, ки ин қазияро таҳқиқ ва дар бораи натиҷаҳояш намояндагии дипломатиро огоҳ намояд.
Вазорати умури хориҷаи Федератсияи Русия дар посух ба нотаи сафорати Тоҷикистон дар пойтахти ин кишвар гуфтааст, қазияи марги тифли панҷмоҳаи тоҷик дар Санкт- Петербургро таҳти назорати ҷиддӣ қарор медиҳад.