ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Пойафзоли аввалини варзишӣ (кроссовка)-и ширкати Nike, ки бандҳои он ба таври автоматӣ баста мешаванд, ба ҳунарманди амрикоӣ Майкл Ҷей Фокс, иҷрокунандаи нақши Марти Макфлай дар филми "Бозгашт ба қафо" эҳдо гардид, омадааст дар хабари сомонаи ин ширкат.
"Nike тӯҳфаашро ба ҳунарманди саршинос Майкл Ҷей, ки тариқи филми мазкур маҳбубият пайдо кардааст, расонд",- қайд мешавад дар иттилоъия.
Тарҳи ҷадиди ин пойафзоли варзишӣ ғайриоддӣ буда, дизайн ва сохти фарқкунанда дорад. Тарроҳон умед мебандад, ки муштариёни он дар бозор хеле зиёд хоҳанд буд.
Michael J. Fox models the first self-lacing @Nike Mag pic.twitter.com/bgPWM5CKBE
— michaeljfox.org (@MichaelJFoxOrg) October 21, 2015
"Бозгашт ба оянда"- аз муваффақтарин филмҳои сегона дар солҳои 80-уми садаи гузашта арзёбӣ мегардад. Аснои наворбардорӣ ва таҳияи он аз кулли дастовардҳои муосир ва ихтирооти оянда, ки ҳанӯз ба вуқӯъ напайваста буданд, истифода гардида буд: аз ҷумла гаҷетҳои электронӣ, наворбардорҳои чипдор. Дуэти Майкл Ҷей Фокс ва Кристофер Ллойд, ки нақшҳои асосӣ- Мартии наврас ва доктор Браунро бозӣ карданд, ҳанӯз миёни ҳаводоронашон аз маҳбубияти хосае бархӯрдоранд. Мошини вақти худсохти эшон ҳоло низ аз мудернтарин таҷҳизот маҳсуб мегардад.