ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Муовини раҳбари Академияи маорифи Тоҷикистон Ирина Каримова бо медали "Пушкин" сарфароз гардонида шуд.
Фармон дар бораи қадрдонии шаҳрвандони хориҷӣ бо мукофоти давлатии Русия аз сӯи раисҷумҳури ин кишвар Владимир Путин рӯзи сешанбе имзо шудааст.
Дар ин фармон қайд шудааст, мукофоти мазкур барои шаҳрвандони хориҷие дода мешавад, ки "дар таҳкими дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо Федератсияи Русия, аз ҷумла рушди робитаҳои иқтисодӣ ҳифз ва оммавӣ намудани забон ва фарҳанги русӣ дар хориҷ саҳми бузург" гузоштааст.
Инчунин бар асоси ин фармони Путин, 6 шаҳрванди хориҷии дигар ҳам бо ордени "Дӯстӣ" қадрдонӣ шудаанд, ки миёни онҳо исми раисҷумҳур Никарагуа Даниэл Ортег ва муовини нахуствазир ва вазири корҳои хориҷии Лаоса Тхонглун Сисулит ҳаст.
Дар умум бо медали "Пушкин" 7 шаҳрванди хориҷӣ, аз ҷумла муовини раҳбари Бунёди Ҳайдар Алиев, раҳбари намояндагии ин бунёд дар Русия Лайло Алиева, муовини раҳбари Академияи маорифи Тоҷикистон Ирина Каримова ва вазири фарҳанг ва ҳунари Конго Жан-Клод Гакоссо сарфароз гардонида шудаанд.