ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ Озода Раҳмонро бо ордени "Шараф", дараҷаи I қадрдонӣ кард, менависад сомонаи президент.
Раисҷумҳур ба истиқболи 24-умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон гурӯҳи калони кормандони касбу кори гуногунро, ки дар фаъолияти худ ба дастовардҳои намоён ноил гардидаанд, бо мукофотҳои давлатӣ, рутбаҳои баланди низомию махсус ва ҷоизаҳои давлатӣ сарфароз гардонд.
Озода Раҳмон, духтари Президент Эмомалӣ Раҳмон, ки 37 сол дорад, аз 15-уми майи соли 2014 муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон мебошад. Қаблан дар вазифаҳои сардори Раёсати консулии Вазорати корҳои хориҷӣ (2007-2009) ва муовини вазири корҳои хориҷӣ (солҳои 2009-2014) кор кардааст. Номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ буда, дорандаи рутбаи дипломатии Сафири Фавқулода ва Мухтор мебошад.
Дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, Донишгоҳҳои Ҷорҷтаун ва Мериленди ИМА (бахши забономӯзӣ) таҳсил кардааст.