ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Дар Тоҷикистон расмиёти фарзандхонӣ содда карда шуд, ки аз ин ба баъд ҷуфтҳои бидуни ҷойи зисти муайян ҳам метавонанд, кӯдакеро ба фарзандӣ бигиранд.
Рӯзи панҷшанбеи гузашта Палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба қонунҳои кишвар "Дар бораи боҷи давлатӣ", "Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ" ва ба Кодекси оила ва Кодекси мурофиавии граждании Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид намуд, ки расмиёти фарзанхонӣ содда гардид.
Ба гуфтаи вакили парлумон Гулбаҳор Ашӯрова, аз ин ба баъд хонаводаҳое, ки макони зисти муайян надоранд, метавонанд, тифлеро ба фарзандӣ бигиранд.
Инчунин лоиҳаи нави қонун иҷоза медиҳад, макони зисти тифл тағйир дода шавад. Дар ҳоле ки дар гузашта танҳо тағйири санаи ба дунё омадани тифл иҷоза буд. Тибқи ин лоиҳаи нав фарзандхонӣ бидуни пардохти боҷи давлатӣ сурат хоҳад гирифт.
Бар асоси иттилои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир дар ҷумҳурӣ 46 ҳазору 218 нафар ятим ба қайд гирифта шудааст, ки беш аз ду ҳазори онҳо на падар доранду на модар.
Ин ниҳод мегӯяд, феълан барои фарзандхонӣ 1756 нафар дар навбат истода, дар 5 соли охир наздик ба 4 ҳазор кӯдак аз ятимхонаҳо ба фарзандхонӣ гирифта шудааст.