ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Муфаттишони ноҳияи Неваи шаҳри Санкт-Петербург нисбат ба марги Умаралӣ Назарови панҷмоҳа, фарзанди як муҳоҷири тоҷик бо моддаи 109-и Кодекси ҷиноятии ФР (ба ҳолати марг расонидан аз беэҳтиётӣ, ки аз бемасъулиятии касбӣ сар задааст) парвандаи ҷиноӣ боз карда, тафтишотро оғоз намудаанд.
Маврид ба ёдоварист, 13-уми октябри соли равон кормандони Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия дар вилояти Санкт-Петербург шаҳрвандони Тоҷикистон Далер Назаров ва Заррина Юнусоваро бо сабаби риоя накардани қавонини муҳоҷират ва нақзи қоидаи будубош дар Русия боздошт карда, тифли панҷмоҳаи онҳо Назаров Умаралиро, ки ба парасторӣ ниёз дошт, аз модар ҷудо карда, ба дигар ҷо интиқол медиҳанд.
Ҳамон рӯз Назаров ва Юнусова ба додгоҳи ҷиноятҳои маъмурӣ интиқол ёфта, баъди панҷ соат қарори додгоҳ дар мавриди ихтиёран тарк кардани ин хонаводаи тоҷик қаламрави Русияро содир шудааст.
Вақте Заррина Назарова ба идораи пулис барои гирифтани фарзандаш меояд, ба ӯ иттилои дақиқе дар бораи маҳалли нигаҳдории тифлаш дода натавонистаанд ва танҳо як рӯз баъд 14 октябр ба ӯ ҷасади беҷони Умари 5-моҳаро супоридаанд.
Вобаста ба ин ҳодиса Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ба Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар нотаи эътирозӣ ирсол намуд.
Масъулини сафорати ҶТ дар Маскав инчунин бо ибрози ҳамдардӣ ба пайвандони марҳум аз тамоми сокинони Тоҷикистон, ки қазияи марги Умар онҳоро нигарон кардааст, даъват кардаанд, натоиҷи тафтишоти Додситонии кул ва Вазорати корҳои дохилии Русияро интизор бошанд ва аз хулосабарориҳои беасос худдорӣ кунанд.