ВАО: боздошти ноболиғони узбаку тоҷик дар урдугоҳи омӯзишии "ДИ"

© AP / Akin CeliktasКормандони пулиси Истамбул дар назди бинои Раёсати амният, ки мавриди ҳамла қарор гирифт
Кормандони пулиси Истамбул дар назди бинои Раёсати амният, ки мавриди ҳамла қарор гирифт - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар натиҷаи як амалиёти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 24 шаҳрванди ноболиғи Тоҷикистон ва Узбакистон боздошт шудааст, ки қасди пайвастан ба саффи ҷангиёни “Давлати исломӣ”-ро доштанд.

Душанбе, 20 окт — Sputnik. Пулиси шаҳри Истамбул дар пайи як амаклиёти худ маркази омӯзишии созмони террористии "Давлати исломӣ"-ро ошкор ва нобуд сохт, ки дар он ноболиғон аз Тоҷикистон ва Узбакистон таълим мегирифтанд, хабар медиҳад, РИА Новости бо истинод ба нашрияи Vatan.

Фаъолияти макотиби Маскав - Sputnik Тоҷикистон
Усулҳои ҷалби ҷавонони тоҷик ба саффи ДИИШ аз нигоҳи стратеги №1

Қаблан расонаҳои Туркия аз боздошти беш аз 50 шаҳрванди хориҷӣ дар натиҷаи як амалиёти зиддитеррористӣ хабар дода буданд, ки дар пайи ҳамлаҳои интиҳорӣ дар шаҳри Анқара гузаронида шуд.

Ин амалиёт дар ноҳияи Пендик, воқеъ дар қисмати осиёии Истамбул сурат гирифтааст. Боздоштшудаҳо барои пайвастан ба саффи ҷангиёни "Давлати исломӣ" дар Сурия ва Ироқ омодагӣ медидаанд.

Тибқи навиштаи нашрияи Vatan, миёни боздоштшудаҳо 24 шаҳрванди ноболиғи Тоҷикистон ва Узбакистон ҳам ҳаст, ки таълимоти исломи ифротӣ гирифта, қоидаҳои зиндагӣ дар "Давлати исломӣ"-ро меомӯхтаанд. Дар ин марказ инчунин урдугоҳи тамринӣ ҳам вуҷуд доштааст.

"Давлати исломӣ" соли 2006 дар Ироқ аз тариқи муттаҳидшавии ёздаҳ гурӯҳҳои исломии тундгаро ба раҳбарии бахши маҳаллии "Ал-Қоида" таъсис шудааст. Теъдоди ҷангиёни ин гурӯҳ ба даҳҳо ҳазор нафар расида ва дар ихтиёри онҳо таслиҳоти вазнин ҳаст. Онҳо фаъолияти тундгароёна бурда, ба шумори зиёди амалиёти террористӣ алайҳи неруҳои амрикоӣ ва НАТО дар қаламрави Ироқ, зидди низомиёни ироқӣ ва ҳамчунин зидди сокинони осоишта муттаҳам дониста мешаванд.

© Инфографика"Давлати исломӣ"
Давлати исломӣ - Sputnik Тоҷикистон
"Давлати исломӣ"

Лентаи хабарҳо
0