ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Дар як навори видеоӣ дида мешавад, ки рӯзи 6 август раҳбари Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон (ҲИӮ) Усмон Ғозӣ ва мусаллаҳони ӯ ба забони арабӣ ба гуруҳи ситезаҷӯи "Давлати Исломӣ" ва раҳбари он Абӯбакри Бағдодӣ байъат кардаанд, менависад "Радиои Озодӣ".
Сухангӯи навор бархе аз қисматҳои ин савгандро тарҷума мекунад ва мегӯяд, "аз ин ба баъд мо танҳо ҳаракат нестем, балки давлат ҳастем". Вай илова мекунад, ки аъзои ҲИӮ аз ин ба баъд бояд афроди "вилояти Хуросони "Давлати исломӣ" номида шаванд. Ибораи вилояти Хуросон ишора ба номи таърихии минтақаи бузургест, ки қисматҳое аз Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбакистонро фаро мегирад.
"Худоро шукр, бо хости Аллоҳ мо ба хилофате, ки воқеан ба ислом таъзим кард, байъат кардем ва акнун бахше аз он ҳастем", — шарҳ медиҳам тасмими худро Ғозӣ.
Ба иттилоъи манбаъ, дақиқ нест ин навор кай ва дар куҷо бардошта шудааст. Гузоришҳо дар бораи афзоиши тамоюли ҲИӮ ба гуруҳи "Давлати исломӣ" ҳафтаҳо ба ин сӯ пахш мешуд.
Ҳамчунин ҳафтаҳои охир раҳбарони ҲИӮ мушкилоти худро бо Толибони Афғонистон эълом доштанд. Онҳо шарҳи марги раҳбари Толибон Мулло Умарро як дурӯғи Толибон номиданд, ки 14 сол ба ин сӯ идома дорад. Ин дар ҳолест, ки Толибон мухолифати худро ба "Давлати исломӣ" баён дошта, онро ба ташкили ҷиҳоди ҷудогона дар Афғонистон айбдор кардааст.
ҲИӮ, ки дар Афғонистон ва Покистон фаъолият дорад, асосан аз марду занони Ӯзбакистон ва кишварҳои дигари шӯравии собиқ иборат аст.
Ин ҳаракатро Амрико, Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ як созмони террористӣ шинохтаанд. ҲИӮ бо шабакаи ал-Қоида ва ҷунбиши Толибон ҳамкорӣ дорад.