Душанбе, 20 окт — Sputnik. Маскав бо василаи дипломатӣ аз Париж барои эҳзори иштибоҳии сафири Фаронса узр хост, иброз дошт намояндаи масъули ВКХ-и Русия Мария Захарова, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо истинод ба шабакаи телевизионии "Россия 1".
Рӯзи гузашта Вазорати умури хориҷаи Русия гуфт, ки сафири Фаронса дар Маскав бо сабаби наздикшавии хатарноки ҳавопаймои низомии он кишвар ба ҳавопаймои русӣ, ки ҳайати парлумонии ФР-ро интиқол медод, ба вазорат даъват шуда буд. Баъдтар Вазорати умури хориҷаи Фаронса эълом дошт, ки ҳавопаймо мутаалиқи неруҳои ҳавоии Швейтсария мебошад.
"Пас аз дастрас шудани ин маълумот ва дақиқ шудани он мо бо роҳи дипломатӣ бо сафорати Фаронса дар Маскав дар тамос шуда, аз онҳо узрхоҳӣ кардем",- иброз доштааст Захарова.
Ҳоло ВКХ-и Русия интизори посухи расмии ҷониби Швейтсария аст, ки чаро дар ҳарими ҳавои ҳавопаймои низомии ин кишвар то нуқтаи хатарнок ба ҳавопаймои Русия наздик шудааст.
"Алъон мо унвонии Швейтсария номаи расмӣ барои шарҳи қазия ирсол кардем ва интизори посухи онҳоем",-қайд кард ӯ.