ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва сафорати ҶТ дар Маскав тафтиши ҳодисаи марги тифли панҷмоҳаи тоҷик Умаралӣ Назаровро таҳти назорати қатъӣ қарор додаанд, иброз доштанд масъулини мақомоти дипломатии Тоҷикистон дар такя ба изҳороти вазорати умури хориҷии Русия.
Дар посух ба нотаи эътирозии сафорати Тоҷикистон дар Маскав, вазорати умури хориҷии Русия навиштааст, ки муроҷиати сафорат ҷиддӣ гирифта шудааст. Зимнан, дар номаи ВКХ ФР ба волидайни Умар Назаров изҳори таслият иброз гардида, гуфтаанд, ки ҳамроҳ бо онҳо мотам дорем.
Барои ошкор кардани сабабҳои марги Умаралӣ Назарови панҷмоҳа ба Вазорати умури дохилӣ, Хадамоти федеролии мухоҷират, Вазорати тандурустӣ ва Додситонии кулли Русия ба таври оҷил дархост фиристода шудааст.
"Аз натоиҷи тафтиши қазия ва омилҳои марги кӯдаки панҷмоҳа ҷониби Тоҷикистон фавран огаҳ карда хоҳад шуд",-омадааст дар охири номаи Вазорати умури хориҷаи Русия.
Рӯзи 13 октябр мақомоти пулиси Санкт-Петербург бо баҳонаи нақзи қонуни муҳоҷират ва анҷоми мӯҳлати будубош дар ФР, шаҳрвандони Тоҷикистон Далер Назаров, Заррина Юнусова ва ҳамроҳ бо онҳо писарашон Умаралӣ Рустамович Назарови панҷмоҳаро боздошт карданд. Дар идораи пулис тифлро аз водидайн ҷудо карда, ба модар ҳеҷ иттилое дар бораи шароити нигаҳдории тифл надорданд. Худи ҳамон рӯз Назаров ва Юнусоваро ба додгоҳи ҷиноятҳои маъмурӣ бурда, баъди панҷ соат додгоҳ қарор кард, ки ин ду нафар барои роҳ додан ба қонуншикании маъмурӣ бояд бо ихтиёри худ аз хоки Русия берун шаванд.
Вақте Заррина Назарова ба идораи пулис барои гирифтани фарзандаш рафт, ба ӯ иттилои дақиқе дар бораи маҳалли нигаҳдории тифлаш дода натавонистанд, рӯзи 14 октябр бошад, ба ӯ занг зада гуфтанд, ки писараш даргузаштааст.
Баъдан, шабакаҳои телевизионии пойтахти шимолии Русия наворҳоеро мунташир карданд, ки даҳҳо нафар дар назди дарвозаи консулгарии Тоҷикистон ҷамъ омада ва аз мақомоти Русия таҳқиқи мунсифона ва ҳарчи зудтари сабаби марги Умар Назарови 5-моҳаро доранд. Дар яке аз ин наворҳо дида мешавад, ки ёвари консули Тоҷикистон ба ҷамъомадагон вазъро шарҳ медиҳад.
Сафорати ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маскав ҳоло аз мақомоти Русия талаб дорад, ки ин қазияро таҳқиқ ва дар бораи натиҷаҳояш намояндагии дипломатиро огоҳ намояд.
Вазорати умури хориҷаи Федератсияи Русия дар посух ба нотаи сафорати Тоҷикистон дар пойтахти ин кишвар гуфтааст, қазияи марги тифли панҷмоҳаи тоҷик дар Санкт- Петербургро таҳти назорати ҷиддӣ қарор медиҳад.