ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Раисҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба нахуствазир Карим Масимов супориш додааст, ки ба сурати оҷил барномаи зиддибӯҳрониро таҳия намояд, иттилоъ медиҳад Sputnik Қазоқистон.
Рӯзи душанбе Масимов дар бораи рушди иқтисоду иҷтимоъ ва татбиқи барномаҳои асосии давлатӣ ба президент гузориш дод.
Нурсултон Назарбоев иброз дошт, ки имрӯз иқтисоди ҷумҳурӣ рӯзҳои сахтеро пушти сар мекунад ва дар вазъи вахим қарор дорад.
"Бо таваҷҷуҳ ба коҳиши қиммати энержӣ даромади буҷаи давлатӣ қариб 40% кам шудааст. Ба ғайр аз ин, нархи дигар намуди маҳсуроти содиротӣ, аз ҷумла металҳои рангаву сиёҳ, инчунин ангишт низ коҳиш ёфтааст",- қайд кард ӯ.
Дафтари матбуотии раисҷумҳури ҶҚ бо такя ба суханони Назарбоев менависад, бахши кишоварзии Қазоқистон рушди муназзам дорад, аммо корхонаҳои саноатӣ, аз қабили мошинсозӣ истеҳсоли худро пойин бурдаанд.
"Бӯҳрони ҳақиқӣ сар мешавад, бӯҳрони сахттар аз солҳои 2007-2009. Дар робита ба ин ҳукумат супориш медиҳам, ки таҳлили ҳамаҷонибаро анҷом дода, барномаи зиддибӯҳрониро омода созанд, чораҳо андешанд ва аҳолиро огоҳ намоянд",- афзуд президент.
Раисҷумҳур бори дигар қайд кард, ки давлат ба ҳеч ваҷҳ ба бад шудани вазъи иҷтимоии сокинони кишвар роҳ намедиҳад.
Ҳамзамон, дар ҳукумати Тоҷикистон низ эътироф мекунанд, ки бӯҳрони феълӣ аз бӯҳрони қаблӣ шадидтар аст ва ба иқтисоди кишвар зарбаи сахте ворид кард, гап сари ин аст, ки мавҷи дуввуми бӯҳрон билофосила пас аз бӯҳрони аввал омада, нагузошт, ки иқтисоди ҷаҳонӣ барқарор шавад.
Коҳиши табодули амвол дар нимсолаи аввали соли 2015 қариб 22%-ро ташкил дода, он ба кам шудани боҷҳои гумрукӣ ва андоз мусоидат кард. Ҳарчанд ба буҷа нисбат ба соли қаблӣ маблағҳои аз андоз ҷамъоваришуда бештар ворид шудааст (3 млрд 780,6 млн сомонӣ — 13,5% зиёдтар аз ҳамин давраи соли 2014), аммо нақшаи ҷамъоварии умумии боҷҳо дар нимсола иҷро нагардид.