ДУШАНБЕ, 16 октября — Sputnik. Ташдиди авзоъ дар Сурия боиси устувор шудани қурби рубли русӣ дар Тоҷикистон шудааст. Давоми ду ҳафтаи ахир арзиши рубл то 10% боло рафтааст.
Дар қиболи ин, қурби доллари амрикоӣ дар шаҳри Душанбе ҳоло дигар аз марзи 6,80-6,85 сомонӣ убур намекунад ва беш аз як моҳ мешавад, арзиши худро якнавъ нигаҳ медорад.
"Қурби доллар бевосита ба рубл марбут аст. Вале арзиши рубл тайи ду ҳафта мешавад, ки боло меравад ва ин ҳам дар пайи шуруи амалиётҳои низомии Русия дар Сурия сурат мегирад", — мегӯяд, аз як саррофи Душанбе.
Ба арзиши воқеии асъор нигоҳ накарда, саррофиҳои Душанбе беш аз ним сол мешавад, нишондоди лавҳаҳои худро тағйир намедиҳанд. Дар посух ба суоли ин ки чаро чунин аст, як муҳосиби саррофие аз Душанбе гуфт, ин талаби Бонки миллии Тоҷикистон мебошад.
"Ба ҳар сурат, доллар камёфт нест ва аз ин рӯ, наздик як моҳ аст, ки қурб муътадил мебошад. Ҷараёни асъор ҳам муназзам аст ва мо худ як долларро бар ивази 6,80 сомонӣ мехарем. Рубли русӣ ва евро каме боло рафтаанд. Қурби рубл дар пайи қиммат шудани нафт боло меравад", — илова кард, ӯ.
Арзиши як евро ҳоло дар Тоҷикистон ба 7,62 сомонӣ расидааст ва 1000 рубли русӣ бошад бар ивази 111 сомонӣ фурӯхта мешавад. Дар ҳоле ки аввали моҳ он 90 сомонӣ арзиш дошт.
Масъулини Бонки миллии Тоҷикистон дар шарҳи "рукуд"-и нишондоди лавҳаи саррофиҳо мегӯянд, ин ба он хотир аст, ки сокинони кишвар ҳангоми дидани пасту баландшавии қурби асъор ба "ҷунбу ҷӯш" медароянд ва ин вазъи бозори асъорро боз бадтар хоҳад кард.
Аз аввали соли равон арзиши доллар 20%, евро 16,5% ва рубли русӣ 20,6% боло рафтааст.