ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Рӯзҳои фарҳангии Беларус дар Тоҷикистон, имрӯз 15 октябр дар шаҳри Душанбе оғоз мешавад, — хабар додааст, сомонаи расмии Вазорати фарҳанги кишвар.
Имрӯз ҳайати Беларус бо раҳбарии вазири фарҳанги ин кишвар Борис Светлов вориди шаҳри Душанбе шуданд. Рӯзи 16 сентябри соли равон мулоқоти вазирони фарҳанги Тоҷикистону Беларус дар пойтахт баргузор мешавад.
"Дар доираи рӯзҳои фарҳангии Беларус тибқи барнома бояд дастовардҳои мардуми ин кишвар дар соҳаи синамо ба намоиш гузошта шавад. Ҳозирин метавонанд, филмҳои бадеии "Брестская крепост" ва "Следи апостолов"-ро тамошо кунанд", омадааст, дар иттилоияи вазорати фарҳанг.
Инчунин ҳозирин метавонанд, бо дастовардҳои ҳунармандони Беларус дар соҳаи филмҳои тасвирӣ шинос шуда, панҷ филми тасвии ҳунармандони ин кишварро тамошо кунанд. Инчунин гуруҳи ансамбли рақсии Беларус ҳам барномаи консертиеро пешкаши онҳо хоҳад кард.
Ҳайати фарҳангии Беларус қарор аст, рӯзи 17 октябр дар шаҳри Турсунзода барномаи консертиеро баргузор карда, 18 октябр аз "Кохи Навруз" ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе боздид кунанд.