Озодӣ: Кӯлоб “пойтахти фарҳангӣ”-и ИДМ шуд

© wikimedia.org/IbrahimjonДарвозаи Кӯлоб. Акс аз бойгонӣ
Дарвозаи Кӯлоб. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлони Тоҷикистон дар соли ҷорӣ “пойтахти фарҳангӣ”-и Иттиҳоди давлатҳои мустақил дониста шуд ва намояндагони шаҳрдорӣ санади ин амрро аз дасти намояндагони мудирияти ИДМ дарёфт карданд.

ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Шаҳодатномаи "пойтахти фарҳангӣ"-и ИДМ ба намояндагони шаҳрдорӣ имрӯз зимни таҷлил аз Наврӯз супорида шуд, хабар медиҳад Радиои Озодӣ.

Маросими расмӣ бо ширкати намояндагони ҳукумати Тоҷикистон, намояндагони кумитаи иҷроияи ИДМ, шаҳрдории Воронеж ва меҳмонони дигар дар "Амфитеатр"-и шаҳрӣ, ки барои 20 ҳазор нафар тамошочиён пешбинӣ шудааст, баргузор шуд.

Намояндаи кумитаи иҷроияи ИДМ ба раҳбарияти шаҳрдории Кӯлоб шаҳодатномаи расмии "пойтахти фарҳангии ИДМ дар соли 2015"-ро супорид.

Интизор меравад дар нимаи дуввуми имрӯз ширкаткунандагони маросими ҷашнӣ аз мақбараи шоир, файласуф ва муфассири исломӣ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ — мавзеъи аслии дороиҳои Кӯлоб дидан кунанд. Ин муҷассамаи таърихӣ ва меъморӣ, ки ба асри 15 мутааллиқ мебошад, муқаддасоти мусалмонӣ дониста мешавад.

Ёдовар мешавем, ки тасмими эълони Кӯлоб ба унвони "пойтахти фарҳангии ИДМ дар соли 2015" моҳи октябри соли гузашта дар ҳамоиши Минск гирифта шуд. Раҳбарони кишварҳои ИДМ ду шаҳрҳо сазовори ин мақом донистанд: Воронеж ва Кӯлоб.

Лентаи хабарҳо
0