ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Таркиш дар нуқтаи нигаҳдории сӯзишворӣ дар наздикии шаҳри Душанбе бисёр мудҳиш буда, афроди дар макони ҳодиса бударо ба осмон бардоштааст, мегӯянд, шоҳидон ва сокинони маҳаллӣ.
Намояндагони расмии ин нуқтаи нигаҳдории сӯзишворӣ, ки дар деҳаи Арбобхотуни ноҳияи Рӯдакӣ, дар ҷануби шаҳри Душанбе воқеъ аст, ҳодисаро шарҳ намедиҳанду муҳофизон ҳам хабарнигоронро ба онҷо роҳ надоданд.
Аз ин нуқтаи нигаҳдории сӯзишворӣ чанд нафаре берун шуда, худро узви гуруҳи тафтишотӣ муаррифӣ карданд.
"Сабабҳои ҳодиса мавриди таҳқиқи кормандони Додситонии ноҳияи Рӯдакӣ қарор дорад. Аз ин зиёд дар ҳоли ҳозир чизе гуфта наметавонем", — илова кард, яке аз онҳо.
Дар се километрии макони ҳодиса манзили зисти сармутахассиси барқи ин нуқтаи нигаҳдории сӯзишворӣ, ки шоми 13 октябр дар натиҷаи таркиш ҷон додааст, ҷойгир аст. Ҷасади ин сармутахассиси барқ — Маҳмадхуҷа Абдураҳимови 53-сола нимаи аввали имрӯз ба хок супориад шудааст.
"Тақдир, ҳар чизе дар он навишта шудааст, тағйир дода намешавад. Ӯ бисёр марди хуб буду дар ин деҳаи бузурги мо ҳама ӯро мешинохт", — мегӯяд, Амрулло Наимов, домоди марҳум.
Фарзандон ва бародарони марҳум ҳам ҳама чизро аз тақдир мебинанд. Маҳмадхуҷаи 53-сола соҳиби зан ва 5 фарзанд мебошад. Ба гуфтаи наздиконаш, дар ин таркиш бештар аз ҳама ӯ захмӣ шудааст.
Се нафари қурбонии дигари ин ҳодиса корманди расмии ин нуқтаи нигаҳдорӣ набуда, онҳоро барои гузаронидани корҳои кафшергарӣ аз шаҳрҳои Душанбе ва Сарбанд даъват карда будаанд.
"Кафшергарон хостанд, бушкаи газро пури об кунанд. Вале ҳангоми таркиш ин бушка пур нею ним об дошт. Шояд онҳо намедонистанд, ё касе барояшон на гуфта буд, ки бушка ним аст ва албатта ҳоло дақиқ нест. Хулоса вақте онҳо мехостанд, сарпӯшҳои бушкаро аз ҳар ду ҷониб муҳкам кунанд, таркиши мудҳише рух дод, ки ҳатто одамонро ба осмон партофт", — гуфт, яке аз сокинони маҳаллӣ.
Аз ин ҳодиса субҳи 14 октябр дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод. "Шоми 13 октябр соати 18:00, дар натиҷаи риоя накардани техникаи бехатарӣ дар ҷойи нигоҳдории сӯзишвории ҶДММ "Бафоев Ғайбулло", ки аз ҷониби Газпромнефти Тоҷикистон ба иҷора гирифта шудааст, таркиш рух дод", — афзуд, манбаъ.
Дар натиҷа чаҳор корманди ин коргоҳ ба ҳалокат расидаанд, ки дар макони ҳодиса бо корҳои кафшергарӣ машғул буданд. Дафтари матбуоти ВКД илова кардааст, ки инчунин чанд нафари дигар дар пайи ин таркиш ҷароҳати иҷсмонӣ бардоштаанд, ки дар ҳоли ҳозир дар беморхона қарор доранд.
Ин нуқтаи нигаҳдории сӯзишворӣ дар деҳаи Арбобхотуни ноҳияи Рӯдакӣ воқеъ буда, айни ҳол дар робита ба ин ҳодиса парванда боз шудааст.