Ҳалокати 4 нафар дар таркиши нуқтаи нигаҳдории сӯзишворӣ дар Рӯдакӣ

© Sputnik / Михаил Мордасов / Гузариш ба медиабонкДар НФС дар Великий Новгороде
Дар НФС дар Великий Новгороде - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дафтари матбуоти ВКД илова кардааст, ки инчунин чанд нафари дигар дар пайи ин таркиш ҷароҳати иҷсмонӣ бардоштаанд, ки дар ҳоли ҳозир дар беморхона қарор доранд.

ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Дар пайи таркиши як нуқтаи нигаҳдории сӯзишворӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ чаҳор нафар ба ҳалокат расидааст, менависад, сомонаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.

"Шоми 13 октябр соати 18:00, дар натиҷаи риоя накардани техникаи бехатарӣ дар ҷойи нигоҳдории сӯзишвории ҶДММ "Бафоев Ғайбулло", ки аз ҷониби Газпромнефти Тоҷикистон ба иҷора гирифта шудааст, таркиш рух дод", — афзудааст, манбаъ.

Дар натиҷа чаҳор корманди ин коргоҳ ба ҳалокат расидаанд, ки дар макони ҳодиса бо корҳои  кафшергарӣ машғул буданд.

Дафтари матбуоти ВКД илова кардааст, ки инчунин чанд нафари дигар дар пайи ин таркиш ҷароҳати иҷсмонӣ бардоштаанд, ки дар ҳоли ҳозир дар беморхона қарор доранд.

Ин нуқтаи нигаҳдории сӯзишворӣ дар деҳаи Арбобхотуни ноҳияи Рӯдакӣ воқеъ буда, айни ҳол дар робита ба ин ҳодиса парванда боз шудааст.

Лентаи хабарҳо
0