ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии ИМА Ҷон Керрӣ мегӯяд, кишвараш омодааст, ба хотири ҷилавгирӣ аз буҳрони минтақавӣ дар бораи бехатарии парвоз дар фазои Сурия бо Русия сари мизи гуфтушунид бинишинад.
"Мо омодаем, ба хотири таъмини амнияти ҳавопаймоҳои худ дар фазои Сурия, барои таъмини амнияти халабонҳо ва ҷилавгирӣ аз барангехтани буҳрони байналмилалӣ гуфтушунид кунем", — изҳор доштааст, ӯ зимни суханронӣ дар Ҳарвард.
Вазири корҳои хориҷии ИМА таъкид кардааст, ки ба гуфтугӯи созанда миёни Вашингтону Маскав дар робита ба масоили вобаста ба бехатарии парвоз дар фазои Сурия бовар дорад.
Қаблан дафтари матбуоти Вазорати дифои Русия хабар дода буд, ки ин ниҳод матни тавофуқнома дар мавриди бехатарии парвоз дар фазои Сурияро омода ва ба ҳамтоёни амрикоии худ расондаанд. Инчунин илова шудааст, ки мутахассисони рус омодаанд, конфронси видеоиии навбатиро 14 октябр баргузор кунанд.
Сар аз 30 сентябри соли равон Русия бо дархости расмии Башшор Асад, раисҷумҳури Сурия амалиётҳои ҳавоӣ алайҳи созмони террористии "Давлати исломӣ"-ро шуруъ кард, ки ҳамлаҳо аз ҷониби ҳавопаймоҳои низомии Су-24М, Су-34, Су-30СМ ва Су-25 анҷом дода мешаванд.
Тибқи иттилои мақомоти Русия аз аввали шуруи амалиёт неруҳои ҳавоии ин кишвар алайҳи ҷангиёни гуруҳҳои террористӣ дар қаламрави Сурия 112 зарба задаанд. Бар иловаи ин аз сӯи киштиҳои ҷангии Русия ҳам 25 мушаки круз сар дода шудааст.