Душанбе, 13 окт — Sputnik. Раҳбари минтақаи Окинаваи Ҷопон расман иҷозатномаи сохтмони фурӯдгоҳи навро барои неруҳои низомии ИМА, ки бояд дар деҳаи Хэноко, наздикии шаҳри Наго бунёд мешуд, бекор кард.
Тибқи гузориши оҷонсии Киодо, раҳбари Окинава Такэси Онага аз ин тасмими худ намояндагии Вазорати дифои Ҷопон дар ин ҷазираро огоҳ кардааст.
Ҳудуди 20 соли пеш ҳукумати Ҷопон қарори бастани пойгоҳи низомии ИМА дар шаҳри Гиннован, маркази ҷазираи Окинаваро қабул карда буд.
Қаблан қарор буд, ин пойгоҳ аз қаламрави ҷазира берун бурда шавад. Вале баъдан барномаи кӯчонидани он ба минтақаи дигар ва бунёди фурӯдгоҳи низомӣ барояш дар деҳаи Хэноко, ки алакай дар онҷо пойгоҳи низомии амрикоии "Кемп-Шваб" мустақар аст, рӯи даст гирифта шуд.
Сокинони Окинава бар зидди бунёди фурудгоҳи нав мебошанд ва раҳбари ин ҷазира ҳам дар баромадҳои пешазинтихоботии худ ваъда дода буд, ки нақшаи бунёди фурӯдгоҳро барҳам хоҳад дод.
Талошҳои ҳукумати Ҷопон барои таҷдиди назар кардани раҳбари кунунии Окенава дар ин маврид бенатиҷа буданд.
Окинава танҳо 0,6% —и ҳудуди Ҷопонро ташкил медиҳад, аммо 74% объектҳои низомию ними неруҳои мусаллаҳи Амрико муқими Ҷопон дар ин ҷазира мустақар мебошанд.
Дар ҷазираи Окинава 25,8 ҳазор низомиёни ҳарби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳамроҳ бо 19 ҳазор нафар пайванду наздиконашон ба сар мебаранд.