ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Раисҷумҳури Чеченистон Рамазон Қодиров гуфтааст, ҳамаи ҳайати танкери нафткаши "Механик Чеботарев"-и Русия, ки ба иттиҳоми қочоқи нафт дар Либия боздошт шуда буданд, ба зудӣ раҳо карда мешаванд, — хабар медиҳад, РИА Новости.
"Нахуствазири Либия Халиф ал-Аввал, ки бо даъвати банда дар шаҳри Грозний қарор дорад, шоми дирӯз маро мутмаин сохт ва ваъда дод, баъд аз тартиб додани баъзе аз маосили техникӣ ҳайати "Механик Чеботарев" ба Русия бар мегарданд",- изҳор доштааст, Қодиров.
Раисҷумҳури Чеченистон таъкид кардааст, ки ин иқдом бозгӯкунандаи он аст, ки мақомоти Либия алоқаманди рушд ва тавсеаи равобиту ҳамкориҳои худ бо Русия мебошанд.
Қаблан ҷаноби Қодиров гуфта буд, ки дарёнаварди озодшудаи "Механик Чеботарев" Павл Магатин дар Либия ҳоло дар шаҳри Грозний қарор дорад ва саломатиаш муътадил арзёбӣ шуда, ба кумаки тиббӣ ниёз надорад.
Киштии нафткаши Русия "Механик Чеботарев" миёнаҳои моҳи сентябри соли равон аз сӯи мақомоти Либия ба иттиҳоми қочоқи нафт боздошт шуда, ба пойгоҳи низомии дарёии Троблус дар бандари Мисрота интиқол дода шуда буд.
Мақомоти Либия он замон гуфтанд, дар робита ба ин ҳодиса иқдомҳои лозимӣ дар Мисрота аз сӯи хадамоти гумрук, бозрасии дарёӣ ва горди соҳилӣ анҷом дода мешаваду баъдан парванда ба Додситонии кулли Либия барои тафтиши ин қазия тибқи қонунгузории ин кишвар фиристода хоҳад шуд. Инчунин таъкид карданд, ки танкери нафткаши Русия то анҷоми раванди тафтишот ва қарори мақомоти ин кишвар дар ҳабс боқӣ хоҳад монд.