ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Дар сабқати қаҳрамонии дзюдои Осиё байни ҷавонон дар Тайланд паҳлавони тоҷик Фаррухи Салим дар вазни то 90 кило баромад карда, медали тилло ба даст овард, иттилоъ доданд аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.
Ба қавли манбаъ, Фаррухи Салим дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба дзюдо байни ҷавонон (Junior Asian Judo Championships 2015), ки рӯзҳои 11- 12 октябр дар Бангкоки Тайланд, баргузор шуд, соҳиби медали тилло гардид.
"Ӯ дар рақобатҳо дар вазни то 90 кило баъди ду ғалаба дар марҳилаҳои аввал бар Сунглим Чой (Кореяи Ҷанубӣ) ва Темирлан Колбай (Қазоқистон) ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт.
Фаррухи Салим дар нимфинал бар Азамат Бектурсунов (Қирғизистон) пирӯз шуда, сипас дар қувваозмоии ниҳоӣ Ботир Хоҷамуҳаммадови туркманро шикаст дод ва барандаи ҷойи аввалу медали тилло гардид.
Варзишгари дигари тоҷик Акмал Муродов дар рақобатҳо дар вазни то 81 кило дар даври аввал бар Кейсей Накано (Филиппин), сипас бар Имон Некиқбол (Эрон) ғолиб шуд, вале дар даврҳои баъдӣ пайиҳам шикаст хӯрда, мақоми панҷумро соҳиб шуд.
Дар мусобиқаи қаҳрамонии дзюдои Осиё байни ҷавонон дар Тайланд дар маҷмӯъ 168 варзишгар (98 писар ва 70 духтар) аз 23 кишвари дунё иштирок дошт.