Душанбе, 12 окт — Sputnik. Гуштигирони тоҷик Хуршед Маҷидов ва Муҳаммадраҳим Сарахонов дар сабқати қаҳрамонии Осиё оид ба дзюдо байни наврасон дар Тайван ду медал ба даст оварданд, иттилоъ доданд ба Sputnik аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.
Ба иттилоъи манбаъ, дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба дзюдо (Cadet Asian Judo Chempionships) байни наврасони солҳои таваллудашон 1998-2000-ум, ки рӯзҳои 10-11 октябр дар Тайван баргузор шуд, соҳиби ду медал — як тилло ва як биринҷӣ гардид.
Гӯштигири навраси тоҷик Хуршед Маҷидов дар вазни беш аз 90 кило, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуввум бар Алӣ Парҳезгар (Эрон) ғолиб омад ва ба марҳалаи ниманиҳоӣ роҳ ёфт.
Дар ин даври сабқат ӯ бар Санҷар Ҷабборов (Қазоқистон) пирӯз шуда, дар қувваозмоии ниҳоӣ Ҳёнҳо Чойро аз Кореяи Ҷанубӣ шикаст дод ва барандаи медали тиллои мусобиқот гардид.
Паҳлавони дигари тоҷик Муҳаммадраҳим Сарахонов дар рақобатҳо дар вазни то55 кило дар даври аввал озод буд. Дар марҳилаи баъдӣ бар Рян Кристиан Бенавидез (Филиппин) ғолиб гардида, аз Баяман Сагибой Уулӣ (Қирғизистон) шикаст хӯрд. Дар мубориза барои ҷойи севум паҳлавони тоҷик аввал бар Ифтихор Аҳмад (Покистон) ва сипас бар Ҷунву Банг (Кореяи Ҷанубӣ) дастболо шуд ва дар натиҷа бо медали биринҷӣ сарфароз гашт.
Дар мусобиқаи қаҳрамонии дзюдои Осиё дар Тайван байни наврасон (кадетҳо) ҳамагӣ 166 варзишгар (98 писар ва 68 духтар) аз 22 кишвар иштирок доштанд.