ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Неруҳи вижаи амниятии Русия аз боздошти як гуруҳи ҷиноятпеша ва миқдори зиёди муҳиммот дар Маскав хабар дод.
Кумитаи миллии зиддитеррористии Русия, навиштааст, ки аз гумонбарон тақрибан 5 кило маводи тарканда ошкор ва мусодира шудааст. Ин тақрибан ҳамон миқдор маводи таркандаест, ки ҳангоми ҳамлаи террористии ду рӯзи пеш дар Анқараи Туркия истифода шуда буд.
Аъзои гурӯҳ дар чаҳорчӯби низоми таҳкими мубориза бо терроризм боздошт шудаанд, ки рӯзҳои ахир, баъд аз шурӯъ амалиёти низомӣ дар Сурия дар Маскав ва дигар шаҳрҳои бузурги Русия ҷорӣ шуда буд.
Ба иттилои мақомоти амниятӣ, ин гурӯҳ мехост амали террористиро дар яке аз истгоҳҳои метро ё фурудгоҳҳои шаҳри Маскав анҷом диҳад.
Аввалин гумонбарон дар як манзил дар тангкӯчаи Стрелбишенски минтақаи Пресня аз сӯи кормандони нерӯҳои вижаи Хадамоти федералии амнияти Русия дастгир шудаанд. Мақомоти амниятӣ ҳадс заданд, ки шояд аъзои гурӯҳ дар таҳхонаи бино маводи тарканда ҷойгзорӣ карда бошанд, аз ин рӯ ҳама сокинони биноро ба ҷойи амн кӯчониданд. Баъд аз тафтиши бино сокинон ба манзилҳои худ баргаштанд.
Расонаҳои чопи Маскав, аз ҷумла "Московский комсомолетс" навишт, ки ҳаммаслакони гумонбаронро баъдан дар дигар маҳаллаҳои Маскав пайдо карданд.
"Дар утоқе аз бинои рақами 5, дар кӯчаи Стрелбишенск 15 нафар боздошт шудаанд. Аз миёни дастгиршудагон 12 кас аз Қафқози шимолӣ (аз ҷумла Чеченистон) ва 3 шаҳрванди Сурия мебошанд. Ҳоло бозпурсии онҳо давом дорад",- менависад рӯзнома.