Паҳлавони тоҷик дар қаҳрамонии ҷаҳон оид ба дзюдо медал нагирифтанд

© AP / Alexey FilippovСабқати ҷаҳонии дзюдо дар Остонаи Қазоқистон. 26 августи соли 2015
Сабқати ҷаҳонии дзюдо дар Остонаи Қазоқистон. 26 августи соли 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ҳисоби умумидастаӣ Ҷопон бо касби 15 медал (6 тилло, 4 нуқра ва 5 биринҷӣ) дар ҷойи аввал, Фаронса бо 6 медал (2-2-2) дар ҷойи дуввум ва Куриёи Ҷанубӣ бо 5 медал (2-0-3) дар ҷойи севвум қарор гирифтанд/ Тоҷикистон бо ҷойи 5-уми Комроншоҳи Устопириён дар байни 120 кишвар мақоми 25-умро соҳиб шуд.

ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар рақобатҳои инфиродӣ, ки дар шаҳри Остонаи Қазоқистон ба анҷом расид, ягон медал ба даст наоварданд, омадааст дар хабари нашршуда дар сомонаи Кумитаи миллии олимпӣ.

Манбаъ менависад, рӯзи шанбе боз ду варзишгари тоҷик дар вазни вазнин қувваозмоӣ карда, ба нокомӣ дучор шуданд. Дар даври аввал Саидҷалол Саидов дар вазни то 100 кг аз Герго Фогасу (Маҷористон) ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов аз Ислом Ал-Шаҳобӣ (Миср) шикаст хӯрданд.

Аз миёни ҳашт паҳлавони тоҷик танҳо як нафар — Комроншоҳи Устопириён - дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон натиҷаи хубтар нишон дод ва мақоми панҷумро касб кард. Пеш аз Комроншоҳи Устопириён панҷ варзишгари тоҷик — Умед Абдураҳимов (66 кг), Кароматулло Ҳакимов ва Шӯҳратҷони Фархизода (ҳар ду дар вазни 73 кг), Фарҳод Раҳимов ва Саидҷамол Алимардонов (ҳар ду дар вазни 81 кг) дар мусобиқаи қаҳрамонии дзюдои ҷаҳон аз ҳаққи идомаи мубориза барои медалҳо маҳрум гаштанд.

Дзюдо - Sputnik Тоҷикистон
Мағлубияти се варзишгари тоҷик дар қаҳрамонии дзюдои ҷаҳон дар Остона

Дар ин мусобиқа 729 гуштигир (432 мард ва 297 зан) аз 120 кишвари ҷаҳон барои 14 маҷмӯи медалҳо дар сабқати инфиродӣ байни мардону занон, инчунин барои ду маҷмӯи ҷоизаҳо дар сабқати дастаӣ мубориза бурданд.

Дар ҳисоби умумидастаӣ Ҷопон бо касби 15 медал (6 тилло, 4 нуқра ва 5 биринҷӣ) дар ҷойи аввал, Фаронса бо 6 медал (2-2-2) дар ҷойи дувум ва Куриёи Ҷанубӣ бо 5 медал (2-0-3) дар ҷойи севум қарор гирифтанд. Тоҷикистон бо ҷойи 5-уми Комроншоҳи Устопириён дар байни 120 кишвар мақоми 25-умро соҳиб шуд.

Гуфта мешавад, ин мусобиқаи ҷаҳонӣ ба гуштигироне, ки барои ба даст овардани роҳхатҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия талош доранд, имкон дод, ки хазинаи имтиёзҳои худро пурра намоянд.

Беҳтарин дастоварди Тоҷикистон дар қаҳрамонии дзюдои ҷаҳон медали биринҷии Расул Боқиев ба шумор меравад, ки соли 2007 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия дар вазни то 73 кг ба даст овардааст.

Лентаи хабарҳо
0